Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД
Беш аз 80 дарсади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва зиёда аз 70 дарсади кормандони онҳоро дар Тоҷикистон ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни як ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат гузаронда шуд, таъкид рафт.
Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати “дарҳои боз” ва тоҷиконро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтанд.
Дар ин замина, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумат қарор доштани ин соҳаи ояндадори кишвар мебошад.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иброз дошт, ки чун мо дар асри техникаву технология умр ба сар мебарем, ба ҷавонони дорои донишу малакаи зарурӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ ниёзи бештар дорем. Дар ин самт кумита баҳри омода намудани мутахассисони соҳа бо бештар аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ҳамкорӣ дошта, давраи таҷрибаомӯзии аксари донишҷӯён дар раёсату бахшҳои кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ мегузаранд. Ҳамзамон, бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос, огоҳ бадуни донишҷӯён аз вазъи соҳа ва маълумоти бештар пайдо намуданашон, кумита донишҷӯёнро ба курсҳои омӯзишӣ ва дар ташкилу баргузории чорабиниҳо ҷалб менамояд.
Феълан, дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат мутахассисони ҷавони соҳаи сайёҳии кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус ба мамлакатҳои Испания, ИМА, Қатар, Россия, Юнон, Малайзия, Колумбия, Швейтсария, Фаронса, Ҷопон, Ҳиндустон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо фиристода шудаанд.
Ба муҳлати 5 сол аз андоз аз даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳии навтаъсис боиси зиёд гардидани шумори онҳо дар кишвар ва ба вуҷуд омадани рақобати солим дар бозори сайёҳӣ мегардад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқи руйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд, соҳибкорони ватанӣ, хоса ҷавонони соҳибкорро ҳавасманд гардонд. Танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо зиёда аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 877