Хабарҳо
Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон
Мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои сарварони давлатҳои узви СҲШ, таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар торнамои Агентии иттилоотии «Дунё»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ ва мусоҳибаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо АМИТ «Ховар» дар торнамо ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба забони тоҷикӣ бознашр гардиданд.
Ба Тоҷикистон 1,5 миллион воя ваксина ворид гардид
Бо мақсади пешгирии бемории COVID - 19 дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID - 19 ба Тоҷикистон 1,5 миллион воя ваксинаи «Модерна» - и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк” - и ИМА ҳамчун ёрии башардӯстона ворид шуд.
Дар назар аст, ки вояҳои қабулшуда ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи нақшабандӣ дастрас гардида, пас аз интиқол маъракаи эмгузаронӣ оғоз шавад. Бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор шаҳрванди мамлакат эм мешаванд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақша дорад, ки дар доираи имконият 62,4 фоиз ва ё 5,8 миллион нафар аҳолии аз 18 - сола болои кишварро бо эмгузаронӣ фаро гирад. Ин роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сироят миёни аҳолӣ мебошад.
Ҳушдор! Сел, шамол ва гармӣ
Бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво 26 - 28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Инчунин, дар ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Инчунин, 27-30 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр дар як сония дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
26 - 29 июл дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
COVID-19. 14167 нафар шифо ёфт
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 81 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 71 нафар пас аз муолиҷа солим аз беморхонаҳо баромад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 26 июл дар кишвар 14673 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14167 нафар (96,5%) шифо ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 974