барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН РАМ НАТҲ КОВИНД
27 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Хабари ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои ҷиддӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бар асари боришоти шадид ва фуромадани ярч боиси андуҳ ва изтироби амиқи мо гардид.
Бо изҳори ҳамдардии самимии ин ҷониб ба пайвандон, наздикони қурбониёни офатҳои табиӣ ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2021 №: 149 Мутолиа карданд: 4685