logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЭЙ ФЭНХЭ

27 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди мусбати рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя номиданд. 
Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳо, самти мубрами ҳамкориҳо дар соҳаи амният мебошад.
Дар зимн, ҷонибҳо роҳҳои тақвияти робитаҳоро дар соҳаи амният баррасӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии самарабахши ду кишвар дар ин ҷода дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба изҳори назар карданд. 
Ҳамзамон, ҳангоми вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ба вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он диққати махсус дода шуд. Зимнан, Сарвари давлат бо изҳори нигаронӣ дар бораи вазъи хатарзои кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, сухан гуфта, вазири мудофиаи кишвари дӯсти Чинро дар бораи чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва, дар маҷмӯъ, иқтидори мудофиавии он андешидашаванда дар ҷараён гузоштанд.
Таъкид рафт, ки якбора бад шудани авзои низомиву сиёсӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон боиси афзоиши ташаннуҷи вазъ мегардад ва ин ҳолат ба таъмини амнияти минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Дар робита ба ин, ҳамкории зичу ҳамгироии хадамоти дахлдор ва сохторҳои махсуси ду кишвар зарур шумурда шуд. Инчунин, аҳамияти мусоидати ҳамаҷониба дар самти пешрафти раванди гуфтушуниди байни афғонон махсусан зикр гардид.
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2021    №: 149    Мутолиа карданд: 5022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед