барқияҳо
БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардиданд.
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Мо хабари даргузашти хоҳаратон хонум Қурбонбӣ Раҳмоноваро (Худованд раҳмат кунад) бо камоли андуҳ дарёфтем.
Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, мардуми бародари Тоҷикистон ва оилаи марҳум таъзияи амиқ ва самимии худро изҳор менамоем ва аз Худованди таоло масъалат дорем, ки марҳумро раҳмат ва мағфират намуда, ҷояшонро биҳишт гардонад ва Шуморо аз ҳар гуна бадӣ дар паноҳаш нигаҳ дорад».
Шоҳзода Карим Исмоил Оғохон, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон:
«Ҷаноби Олӣ!
Ман ба Шумо ҳамдардии самимии хешро нисбати даргузашти хушдоман ва хоҳари маҳбубатон иброз медорам. Бигзор рӯҳи рафтагон дар осоиштагии абадӣ бошад ва Худованди карим ба Шумо ва аҳли оилаатон сабри ҷамил ва ирода барои тоб овардани ин талафоти ҷуброннопазир ато намояд.
Дар ин рӯзҳои хеле ғамангез дуогӯ ва ғамшарики Шумо мебошам».
Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Дар иртибот ба ин талафоти гарон, ҳамшарики мусибати Шумо шуда, ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон ҳамдардии самимии худро изҳор менамоям.
Худованд рӯҳашонро шод гардонад».
Садир Жапаров, Президенти
Ҷумҳурии Қирғизистон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Хабари ҳузнангези марги бармаҳали хоҳари хурдиатон Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Ба Шумо изҳори тасаллии самимӣ намуда, ба талафоти ҷуброннопазиратон ҳамдард ҳастам. Ба Шумо сабри ҷамил ва таҳаммул хоҳонам».
Ҳамчунин, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияҳои изҳори тасаллӣ аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ворид гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2021 №: 149 Мутолиа карданд: 4648