иҷтимоиёт
ШАХСИЯТ ВА ҶОМЕА. АЗ МАҲВИ БЕСАВОДӢ ТО АВҶИ КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ
Бо мошин 15 километр аз шаҳри Хоруғ ба деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршинев рафтан ба назар осон менамуд. Вале тамошои роҳу пайроҳаҳои шебу фарози кӯҳистон лаҳзае ба солҳои зиндагии мардуми пеш, солҳои бемошинӣ бурд, ки воқеан омадурафти басо мушкил доштанд. Ин таассурот бо дидани манзили зисти Шириншоҳ Шоҳтемур (ба хона - осорхона табдилёфта) дучанд афзуд. Деворҳои аз шпал бунёдгашта, бетирезаю бебарқ бо ҷо-ҷо ашёи рӯзгор, ба монанди зини асп, камарбанд, китобдон, пӯстин, гилему намад ва палос, гаҳвора ва кӯза хонаи хурду торикро мемонад. Дар рӯйи миз нусхаи мактуб ба Сталин.
Маҳз тафаккури созанда аст, ки кас ҳама гуна бархӯрдро ҳалшаванда мебинад ва ба он зуд аксуламал нишон медиҳад. Агар гӯем Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамин гуна тафаккур дошт, хато намекунем. Дар синни 13- солагӣ тарк кардани зодгоҳ ба хотири таҳсил ва худтакмилдиҳӣ, ба хотири беҳтар кардани зиндагӣ далолат бар он аст, ки дар ӯ аз хурдӣ мафкураи созанда бедор буд, яъне ба тарзи куҳна зистан нахоста, қолабҳоро шикаст. Роҳ ба сӯйи шаҳрҳои бузург гирифт, шаҳрҳои дорои имконияти васеи дониш ва таҷрибаандӯзӣ. Бо иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию ҳизбӣ ва баробари пазируфтани узвияти ҳизби коммунистӣ, ӯ ба сиёсат роҳ ёфт. Барояш мутобиқ шудан ба авзои сиёсиву иҷтимоии солҳои 20 – 30-юми асри гузашта мушкил набуд. Махсусан, дар авҷи пантуркизм ва инкор намудани мавҷудияти миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур алайҳи душманони миллати тоҷик мубориза мебурд.
Воқеан, Ш. Шоҳтемур медонист, ки асоси тафаккур ва мафкураи созанда донишомӯзӣ, беҳдошти неруи зеҳнӣ, маънавӣ ва ба ин восита таъсир расондан ба шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба аввалин масъалае, ки диққат дод, маҳви бесаводӣ буд.
Тавре дар китоби рӯзноманигор Қурбон Аламшоев омадааст: “Шириншоҳ Шоҳтемур барои бунёди аввалин мактабҳо кӯшиш намуда, нахуст моҳи январи соли 1932 бо имзои ӯ ҳамчун раиси Ситоди марказӣ қарор “Дар бораи барҳам додани бесаводӣ миёни коммунистон ва комсомолон” қабул гардид. Ташкили ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон (солҳои 1924 – 1929) аз иқдоми олӣ ва барҷастаи Шоҳтемури 32 - сола ва ҳаммаслаконаш буд, ки тавонистанд анҷом бидиҳанд”.
Рӯйи мизи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳоло ба ғайр аз нусхаи мактуб ба Сталин, инчунин, аксҳои фарзандонаш Шириншоҳу Рустам ва дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла нусхаи аризаи писараш Шириншоҳ, ки онро соли 1956 ба хотири аз байн бурдани туҳмат нисбат ба падар (гӯё ба Ватан хиёнат кардааст) навишт, ҷой доранд. Имрӯзҳо меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷии кишвар аз ин даргоҳи таърихӣ - хона-осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур дидан менамоянд, ки аз зиндагии кӯтоҳи ин марди худогоҳу худшинос - бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва ташкилкунандаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон нақл мекунад.
- Мегӯянд, ки худро шинохтан - аз асли хеш бохабар будан аст. Шириншоҳ Шоҳтемур, тавре таърих гувоҳ аст, бисёр инсони худшиносу худогоҳ буд. Худи номи Шоҳтемур, яъне “Шоҳ” - подшоҳ, соҳиби тахту тоҷ ба рӯҳия ва тарбияи ӯ ҳамчун шахси комил замина гузошт, дар ӯ тафаккури далерию шуҷоатро пеша кард, ки бурди ӯ буд, - гуфт Гуландом Абилзода, мудири кафедраи психология ва сотсиалогияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа.
Ҳамин тариқ, Шоҳтемури ҷавон бо кӯшишу талошҳои хастанопазир тавонист дар шахсиятсозии худ ва пешрафти ҷомеа, хусусан мардуми шарафманди тоҷик нақши мондагор гузорад. Ӯ аз худ гузашт ва ҷони худро фидо намуд. Ҳарчанд волидон номи ӯро Шириншоҳ ниҳоданд, то зиндагиаш ширин шавад, вале шояд таъсири номи Шоҳтемур буд, ки хеле кӯтоҳу пурпечутоб гузашт. “Темор” дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои “ғам”, “андуҳ”, “ғамхорӣ”, “парасторӣ”, “андуҳгин шудан” омадааст. Амри тақдир! Бале, тавре гуфтаанд: “Подшоҳ сояи Худо аст!” ва зода шудани Шириншоҳи ҷасуру далер низ дар худ ҳикмате дошт. Рисолати худро дар пеши халқ софдилона иҷро кард, рисолати бунёди миллати тоҷик ва ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон. Ва имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ баҳри рушди кишвари азизамон, шинохти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва қадршиносии хидматҳои мондагорашон иқдомоти бедареғ анҷом додаанд. Аз ҷумла, Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шуд, ки барои наслҳои имрӯзу оянда аҳамияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дорад.
Набераи Шоҳтемур Давлатбегим Саломатшоева алҳол мудири хона - осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, солҳо инҷониб ин макони таърихиро роҳбарӣ мекунад. Барои ҳифзу нигоҳдории осорхона ҳамасола ба тариқи ҳашар таъмири ҷорӣ мегузаронад. Аммо деҳаи Тишор, ки дар баландӣ ҷойгир аст, боридани барфу борони зиёд ба хона - осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур таъсир мерасонад. Пас навсозӣ кардану ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани ин макони таърихӣ, ки аз он ҳамасола сайёҳону меҳмонон дидан мекунанд, низ рисолати шаҳрвандии мост, ки бояд анҷом бидиҳем.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2021 №: 149 Мутолиа карданд: 828