иҷтимоиёт
СУЛТОН БЕКМУРОДЗОДА: «ДАР ДАСТРАСИИ СОКИНОН БА НИҚОБ ВА ДОРУВОРӢ МУШКИЛ ВУҶУД НАДОРАД»
Бемории сироятии COVID - 19 тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. Ба он миллионҳо нафар гирифтор шудаву ҷон бохта истодаанд. Хушбахтона, зидди он ваксина низ ихтироъ гардида, дастраси омма гардид. Кишвари мо ҳам аз он бархӯрдор мебошад. То ҳол қисми зиёди аҳолии кишварамон ваксина гузарондаанд. Ҳоло ки марҳилаи дуюми он Тоҷикистонро фаро гирифтааст (дар дигар кишварҳо марҳилаҳои сеюму чорум ва панҷум идома дорад) боварӣ ҳаст, ки мақомоти дахлдор барои мубориза бо он ҳаматарафа омодаанд.
Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар робита бо ин масъала бо мо гуфт, ки албатта, ин як ҳолати ташвишовар буд ва барои пешгирию мубориза бо он талош намудему мушкилоти ҷойдошта зуд бартараф гардид. Барои дигарбора мушкил эҷод нашудан ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар бояд аҳлона амал намоянд.
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз баъзе моҷароҷӯён ҳадс зада хабарҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё нархи маҳсулоти аввалияи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва, дар баробари он, арзиши доруворӣ, махсусан ниқобҳои тиббӣ дар чанд рӯзи оянда дар кишвари мо боло мераваду камёб мегарданд. Ин дар ҳолест, ки дар масъалаи дастрасии сокинон ба ниқоб ва маҳсулоти антисептикӣ дар ҷумҳурӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Зеро роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ - дӯзандагӣ ҷиҳати омода намудани ниқобҳои тиббӣ вохӯриҳо гузарондаанд. Онҳо уҳдадор шуданд, ки ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул шуда, онро бо сифати баланд ва нархи арзон дастраси сокинон менамоянд. Инчунин, ширкатҳои ба истеҳсоли доруворӣ машғулбуда ва воридкунандагони он бо ҳисси масъулият, номгӯи доруҳои муҳимро ба миқдори кофӣ ворид карда, дар анборҳо захира намудаанд. Дар ин самт ягон мушкилӣ пеш нахоҳад омад, - гуфт С. Бекмуродзода.
Воқеан ҳам, мушоҳида мешавад, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ мушкилие вуҷуд надорад. Мусоҳиби мо низ дар ин самт ибрози назар карда, гуфт, ки хушбахтона сарҳадот кушодаанд ва воридоту содирот бе мушкилӣ сурат мегирад. Айни замон захираи дорувории кишвар барои талаботи яку ним ду сол басанда аст. Ин ба маъноест, ки дар ҷумҳурӣ захираи зарурии маводи доруворӣ мавҷуд аст. Ногуфта намонад, ки имрӯз дар тамоми дорухонаҳои кишвар ҳамаи намуди маҳсулот бо нархи дастрас таъмин аст. Бояд гуфт, ки хабари боло рафтани нархи ниқобҳои тиббӣ ва дигар анвои доруворӣ нодуруст аст. Агар рӯзҳои аввали пандемияро ба хотир орем, он вақтҳо камчинии доруворӣ дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ мавҷуд буд ва боло рафтани нархҳо дар он ҷойҳо ҳам мушоҳида мешуд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар тамоми дорухонаҳои кишвар, ҳамчунин, анборҳои ширкатҳои воридкунанда ба таври кофӣ ниқобҳои тиббӣ ва дигар намуди доруворӣ мавҷуданд. Дар сурати зарурӣ ворид кардани ин мавод ба кишвар низ ягон мушкилӣ надорад. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба суханҳои ғаразноки баъзе касон дода нашуда, ба таҳлука ҳам наафтанд, то бозори ҳаннотони мардумфиребро гарм накунанд.
- Минбаъд низ аз ҷониби хадамот дар робита ба камбуд ва боло нарафтани нархи доруворӣ чораҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар робита ба ин, бо намояндагони ширкатҳои фармасевтӣ ва дорухонаҳо вохӯриҳо гузаронда, фаҳмонда шуд, ки нархи доруро беасос баланд набардоранд ва ба ҳаннотон доруҳои заруриро нафурӯшанд. Имрӯз ширкатҳои фармасевтӣ бемамоният, ба воридоти дорую дармон идома дода истодаанд. Дорухонаҳои чаканафурӯшӣ низ фаъолияти бонизом доранд. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвар аз норасоии дору набояд ба таҳлука афтанд, - илова кард С. Бекмуродзода.
Таҷрибаи ду соли охир нишон дод, ки бидуни муборизаи дастаҷамъона ба натиҷаи дилхоҳ расидан мушкил аст.
Пас аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 майи соли гузашта бо намояндагони соҳаи тандурустӣ баъзе аз дорухонаҳои фаъол ба реҷаи шабонарӯзӣ гузаронда шуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2021 №: 149 Мутолиа карданд: 1265