иҷтимоиёт
САЛОСАТИ ЗАБОНИ ЧИНИРО ТАҶРИБА НАМУДА...
ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Тавре хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар доранд, чанде пеш даври ниҳоии даъвати 14-уми Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон, ки таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созмон дода шуд, тавассути шабакаи иҷтимоии “Zoom” бомуваффақият баргузор гардид. Дар озмуни навбатӣ аз кишвари мо 8 толибилм аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида, миёни ҳам рақобат намуданд. Аз миёни онҳо хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и шаҳри Душанбе Лайло Исмоилова дониши хуб нишон дода, ғолибиятро ба даст овард.
Масъули Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон оид ба таълим Хе Ҷеҷенг, директорони институтҳои Конфутсийи назди ДКМТ аз ҷониби Тоҷикистон Мастура Валиева ва аз ҷониби Чин Рен Генгтиену назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон Фаррух Қосимов ва аз ҷониби Чин Лю Ҷиен Вей ба рафти озмун назорат намуданд. Ғайр аз ин, дар озмуни навбатӣ Юй Ди, муҳаррири маҷаллаи адабии Синзиян “Воҳа” ва Юен Сюзу, узви кумитаи роҳбарикунандаи Маркази омӯзишиву илмии мубодилаҳои гуманитарии ҶМЧ бо хориҷи кишвар, ба ҳайси аъзои ҳакамон иштирок намуданд.
Масъули Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон оид ба таълим Хе Ҷеҷенг дар рафти суханронии хеш зикр намуд, ки дар баробари рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони чинӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ тақвият ёфта истодааст ва шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Чин таҳсил намоянд, рӯз ба рӯз меафзояд. Аз ин бар меояд, ки сар задани вазъи эпидемиологӣ натавонист ба шавқу рағбати ихлосмандони забони чинӣ зиён расонад. Дар баробари рушди муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони тоҷик метавонанд шароити боз ҳам мусоиди омӯзиши забони чиниро ба даст оранд ва сатҳи забондонии онҳо низ то андозае беҳтар гардад. Директори Институти Конфутсийи назди ДКМТ аз ҷониби Тоҷикистон Мастура Валиева дар рафти суханронии хеш изҳор дошт, ки баргузории озмунҳои мазкур метавонанд ҷиҳати рушду тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оранд. “Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз даҳ корхонаву ширкатҳои муштараки чиниву тоҷикӣ фаъолият менамоянд ва ин моро водор месозад, ки ба ҷавонони тоҷик забони чиниро ҳар чӣ бештар омӯзонем. Озмуни навбатӣ барои ошно гардидани ҷавонони тоҷик бо фарҳанги мардуми Чин ва омӯзиши забони онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Озмуни “Пули забони чинӣ” ба пуле табдил ёфтааст, ки ҳамагонро бо Чин мепайвандад. Таманно мекунам, ки озмуни “Пули забони чинӣ” аз ҳарсола дида беҳтар ва бо муҳтавои бою ғанӣ баргузор гардад. Умедворам оташаки шавқи омӯзиши забони чиние, ки дар қалбҳои ҷавонони тоҷик шӯълавар гардидааст, ҳеҷ гоҳ хомӯш нашавад”, - гуфт Мастура Валиева.
Директори Институти Конфутсийи назди ДКМТ аз ҷониби Чин Рен Генгтиен дар рафти суханронии хеш зикр намуд, ки шавқу рағбати донишҷӯёни тоҷик нисбат ба омӯзиши забон ва фарҳанги Чин дар ҳоли рушд буда, шумораи донишомӯзони забони чинӣ низ ҳамарӯза афзоиш ёфта истодааст ва сатҳу сифати таълими ин забон низ хеле беҳтар гардида, кадрҳои баландихтисоси забондон дар асоси маҳорату малакаи азбарнамудаи хеш, аллакай, дар идораҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои муштараки чиниву тоҷикӣ корҳои хуберо анҷом дода истодаанд.
Директори Институти Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон Фаррух Қосимов қайд намуд: “Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз ҳамсоядавлатҳои дӯст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҷавонони тоҷик бо омӯзиши забони чинӣ тавонистанд бо фарҳанг ва таърихи куҳани мардумони ин сарзамин ошноӣ пайдо намоянд. Имрӯзҳо дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон синфхонаҳои Конфутсий таъсис дода шудаанд ва қисмати зиёди хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ дар Институти Конфутсийи назди ДМТ ба омӯзиши забони чинӣ машғуланд. Институти мазкур дар рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин саҳми арзанда гузошта, барои ошноии бештар пайдо кардани тоҷикон аз таъриху фарҳанги Чин кумаки хешро дареғ намедорад”.
Озмуни навбатӣ таҳти унвони “Дунболи омӯзиши забони чинӣ шуда, айёми наврасиро сарфи ҳавою ҳавасҳои беҳуда насозед” сурат гирифта, дар се бахш, ба мисли маърӯза дар мавзӯи асосӣ, намоиши ҳунару истеъдод ва посух гардондан ба саволҳо таҳия гардид. Дар бахши маърӯза дар мавзӯи асосӣ довталабон аз таҷриба ва тассуроти хеш оид ба омӯзиши забони чинӣ қисса намуда, ба саволҳои аъзои ҳакамон посухҳои бомаврид доданд. Дар бахши посух ба суолҳо довталабон аз малакаи забондонӣ ва донишҳои омӯхтаи хеш нисбат ба забони чинӣ, фарҳанг, таърих ва давлатдории Чин истифода намуда, аъзои ҳакамонро бо ҷавобҳои пухта ва ҳамаҷонибаи худ ҳайратзада намуданд. Аз ҳама бахши ҷолибу рангини озмун ин намоиши ҳунару истеъдоди довталабон буд, ки дар он толибилмон маҳорати қироати шеър, иҷрои сурудҳои классикиву эстрадӣ, санъати ушу ва ғайраҳоро ба намоиш гузоштанд. Довталабон малакаҳои беназиреро аз худ ба намоиш гузоштанд, ки ҳар яке махсусияти худро дошт.
Дар озмуни навбатӣ чор нафарӣ довталабн аз институтҳои Конфутсийи назди ДМТ ва ДКМТ барои рақобат дар даври ниҳоӣ пешниҳод шуданд. Аз миёни онҳо довталабони пешниҳоднамудаи Институти Конфутсийи назди ДМТ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и шаҳри Душанбе Лайло Исмоилова соҳиби ҷойи аввал, МТМУ № 29- шаҳри Душанбе Мавлонбӣ Ғаффорова соҳиби ҷойи дуюм, МТМУ № 89-и шаҳри Душанбе Муродалӣ Ҳикматов соҳибии ҷойи сеюм ва толибилми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и шаҳри Душанбе Ҳусейн Ҳусейнов соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин наттоқ” гардиданд. Довталабон аз Институти Конфутсийи назди ДКМТ хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд Муҳаммад Маҳмудов соҳиби ҷойи сеюм, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Бӯстон Ситора Раҳимова соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарнамоӣ”, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Хуршедҷон Эргашев соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият” ва хонандаи МТУҒ “Паймон” Фарзона Мамадҷонова сазоври ҷоизаи “Беҳтарин қобилият” гардиданд.
Довталаб Лайло Исмоилова дар бахши намоиши ҳунару истеъдод ғазали “Мутолиаи Чин”-ро қироат намуд. Лайло мегӯяд, ки сабаби омӯзиши забони чинӣ ин ошноӣ пайдо намудан бо таърихи куҳан, фарҳанги бою ғанӣ ва ҳаёту зиндагонии мардумони оддии Чин мебошад. Ӯ ният дорад, ки минбаъд низ робитаи хешро бо фарҳангу ҳунари ин кишвар қавитар созад.
Мавлонбӣ Ғаффорова бошад, як духтари бениҳоят ростқавлу дӯстдори ҳаҷв ва, ҳамвора, хеле масъулиятшинос мебошад. Ӯ чатри қоғазин болои сар шеъри “Хиёбони боронӣ”-ро замзама намуд. Дар ин ҳолат, ҳақиқатан ҳам, ба қаҳрамони шеър хеле шабоҳат дошт.
Муродалӣ Ҳикматов яке аз довталабони номинатсияи “Ғолиби ғайриинтизор” дар рафти озмун буд. Намоиши ушуи омоданамудаи ӯ, ки ҳама ҳаракатҳояш дурусту қавӣ буд, ба тамошогарон илҳоми тоза бахшида, аз чолокиву ҷасурии худи ӯ шаҳодат медод. Муҳаммад Маҳмудов ҳам як ҷавони нексиришт мебошад. Талаффузи дурусти овозҳо ва дарки махсусиятҳои фонетикии гӯиши музофоти Синзияни Чини ӯ ба аъзоёни ҳайати ҳакамон таъсири амиқ гузошт. Ҳусейн Ҳусейнов низ суруди “Роҳи ҳамвор”-ро бо талаффузи дурусти овозҳо, рӯҳияи ором ва ҷаззобияти хосу хеле самимӣ иҷро намуд. Ӯ назди хеш мақсад гузоштааст, ки дар роҳи омӯзиши забони чинӣ боз ҳам далертар бошад.
Ситора Раҳимова бошад, порчаеро аз операи “Пекин” омода намуда, бо либоси анъанавии чинӣ на танҳо ба назари тамошогарон ҷолиб менамуд, балки аъзои ҳакамонро низ ба ҳайрат оварда буд.
Хуршед Эргашев ҷавони бениҳоят ботамкин ва оромтабиат мебошад. Ӯ дар рафти озмун бо эҳтироми хос ба ҳама муносибат намуда, бо ҳамин хоксорӣ шеърхонӣ намуд. Фарзона Мамадҷонова ҳам духтари бисёр зираку зиндадил ва хоксору меҳнатдӯст мебошад. Фарзона бо қироати хуби шеъри “Қаҳрамонзан” нишон дод, ки талош меварзад ба қаҳрамони шеъраш монанд бошад. Ӯ, ҳамчунин суруди “Mulan Ci”-ро, ки аз ашъори классикӣ интихоб шудааст, бо садои форам замзама намуд.
Қобили зикр аст, ки довталабони Институти Конфутсийи назди ДМТ Фарҳод Ҳотамов бо 2208 хол, Муродалӣ Ҳикматов бо 1322 хол ва Муҳаммадҷон Қаюмов бо 627 хол тавассути шабакаи интернет бо ҷоизаи “Маъруфият дар шабакаи Интернет” сарфароз гардонда шуданд.
Директори Институти Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Чин Лю Ҷиен Вей дар охири озмун таъкид дошт: “Мисли ҳарвақта ҷиҳати баргузории озмуни “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон диққати махсус зоҳир шуда, гурӯҳи довталабони озмун ва омӯзгорони роҳбарикунандаро таъсис дода, пас аз баргузории давраҳои интихобӣ 4 нафар довталаби арзандаро барои рақобат дар даври ниҳоӣ пешниҳод намуд. Довталабон бо шавқу рағбати хосса ҳамроҳи омӯзгорони хеш омодагии ҷиддӣ дида, дар рафти озмун дониш, малака ва маҳорати хуби донишандӯзӣ нишон доданд. Довталабон дар рафти озмун дӯстони наверо низ пайдо карданду дар ин муддат якҷо рушд намуданду ба воя расиданро омӯхтанд.
Таҳти таъсири вазъи мушкили эпидемиологӣ чанд муддат аст, ки ҳамаи озмунҳои забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан, тавассути шабакаи интернет ва ба тарзи онлайн баргузор мешаванд. Озмуни мазкур тавассути расонаҳои хабарии хориҷӣ васеъ тарғиб гардида, толибилмони тоҷик матолиби ҷолиберо интишор намуданд. Довталабон тавассути озмуни “Пули забони чинӣ” дониши худро санҷида, ба ояндаи дурахшони хеш умед бастанд. “Дунболагири орзуҳои хеш шуда, айёми наврасиро сарфи ҳавою ҳавас насозед.” Даври ниҳоии даъвати 14-уми озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 бомуваффақият баргузор шуд. Мо кӯшиш бар он медиҳем, ки сатҳу сифати таълими забони чиниро хубтар намуда, кадрҳои хуби донандаи забони чиниро ба воя расонем ва дар пойдории дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин саҳмгузор бошем.”
Институти Конфутсийи назди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2021 №: 149 Мутолиа карданд: 643