Хабарҳо
ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД
Қалъаи Ямчун ё худ Қаҳқаҳаи водии Вахони ноҳияи Ишкошим таъмир ва барқарор мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст. Тибқи иттилои сомона, бо ин мақсад Маркази тадбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳоти назди Вазорати молияи кишвар ва Бонки ҷаҳонӣ 5 миллион доллар ҷудо намудаанд.
Қалъаи Ямчун мероси асрҳои II-III пеш аз милод буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ онро пешиниёни сулолаи Кӯшониён аз Бадахшони шарқӣ, ки дар шимоли Покистон сукунат доштанд, бунёд намудаанд. Қалъа то имрӯз таъмир нагардида бошад ҳам, азаматашро ҳанӯз аз даст надодааст ва ҳамасола аз ин мавзеи таърихӣ сайёҳони зиёд дидан мекунанд. Ҳоло барои таҷдиду барқарор намудани он бостоншиносон ҳуҷҷат ва санадҳои лозимиро омода намуда истодаанд.
ХУРУҶИ НАВЪИ НАВИ КОРОНАВИРУСИ ШТАММИ “ДЕЛТА”
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Вируси мутатсияшуда - штамми «Делта», ки бори аввал моҳи октябри соли 2020 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд, ҳоло дар 92 кишвари олам паҳн гардидааст, - иттилоъ медиҳад сомонаи «ОsiyoAvrupo».
- Штамми «Делта» қаблан намуди «ҳиндӣ» - и вирус номида мешуд. Олимони вирусшинос изҳор медоранд, ки мутатсия бо номи K417N метавонад фаъолияти потанро (антитела) коҳиш диҳад. Ин маънои онро дорад, ки вирус аз навъи пештара дида хатарноктар аст ва он хеле зуд паҳн мегардад, - омадааст дар сомона.
Олимон бар он андешаанд, ки агар сарҳади даҳон ва биниро бибандем, дастҳоро бишӯем, фосилаи на камтар аз яку ним метрро риоя намоем, ҳавои хонаро зуд - зуд иваз сохта, ду маротиба ваксина бигирем, метавон бар ин душмани қотил пирӯз шуд.
БОЗЁФТИ ПОРАИ ҚАДИМТАРИН МЕТЕОРИТ
Олимон муайян намуданд, ки пораи санги начандон калони ёфтшуда аз саҳрои шаҳристони Глестершир дар ғарби Англия на санги муқаррарӣ, балки метеорити қадима мебошад. Маълум гардид, ки метеорит 4, 6 миллиардсола аст. Ба ин хотир, олимон ба хулосае омаданд, ки он қадимтарин метеорити ёфтшуда дар рӯи замин мебошад. Дар ин бора “РИА Новости” иттилоъ додааст.
Пораи санги начандон калонро, ки ба ангишт шабоҳат дорад, Дерек Робсон, корманди Созмони тадқиқоти асторофизикии Англия пайдо намудааст. Ба пиндори олимон пора ба ҳангоми ташаккули сайёраҳои Системаи офтобӣ ба Замин уфтодааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 921