Хабарҳо
Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар
ТАСС. Зимни тамринҳо дар машқгоҳи Ҳарб - Майдон, воқеъ дар 20-километрии Афғонистон, ки аз 5 то 10 август баргузор мешавад, низомиён аз Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора дар изҳороте, ки рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ нашр кард, - гуфта мешавад.
"Дар маҷмӯъ, дар амалҳои тактикӣ зиёда аз 1,5 ҳазор хизматчӣ, техникаи ҳарбӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҷалб карда мешаванд", - омадааст дар изҳорот.
Песков: «Россия ва ИМА то андозае созишномаҳои нишасти Женеваро иҷро мекунанд»
ТАСС. Россия ва Амрико то андозае созишномаҳои дар нишасти моҳи июн дар Женева ҳосилшударо иҷро мекунанд. Котиби матбуоти Президенти Россия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки Маскав ва Вашингтон дар масъалаи амнияти киберӣ ва суботи стратегӣ тамос доранд. "То ҳадде созишномаҳо амалӣ мешаванд. Раванд оғоз ёфт. Ин як раванди хеле печида аст. Асос ин аст, ки тамосҳо идома доранд.", - гуфт сухангӯи Кремл.
"Дар робита ба амнияти киберӣ, дар бораи суботи стратегӣ робитаҳо мавҷуданд, ки ин ҳама ба хотири созишномаҳои дар Женева ҳосилшуда мебошад", - илова кард Песков.
28 июл дар Женева даври нави машваратҳои Россияву Амрико оид ба суботи стратегӣ баргузор мешавад. Ҳайати Россияро муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков, ҳайати амрикоиро муовини аввали котиби давлатӣ Уэнди Шерман роҳбарӣ мекунанд.
Олимон: «Сабти рекордии ҳарорат зуд-зуд нав мегардад»
Мир 24. Сабтҳои бесобиқаи ҳарорати баланд дар Замин зуд-зуд нав карда мешаванд. Бо чунин огоҳӣ муҳаққиқони иқлим баромад кардаанд, менависад "Москва 24".
Олимон муайян карданд, ки партобҳои доимии газҳои гулхонаӣ тамоюли дарозмуддати баландшавии ҳарорати ҳаворо таъмин мекунанд. Мувофиқи пешгӯиҳо ҳарорати баланди гармӣ солҳои 2021, 2050 ва 2051 то 2080 пешбинӣ шудааст, - иттилоъ медиҳад News.ru.
"Мо бояд ба рӯйдодҳои сабти бештари гармӣ дар даҳсолаҳои наздик омодагӣ бинем ва онҳо сабтҳои рекордии пешини ҳароратро ба таври назаррас мешикананд. Барои тағйир додани вазъи мавҷуда, ҳарчи зудтар партоби газҳои гулхонаиро коҳиш додан лозим аст", - гуфт муаллифи таҳқиқот Эрих Фишер.
ИА аз "пандемияи танҳоӣ" ҳушдор медиҳад
Лента. ру. Дар Иттиҳоди Аврупо нисбат ба давраи пеш аз коронавирус одамон худро ду баробар зиёд танҳо ҳис мекунанд. Инҳо хулосаҳои Иттиҳодияи аврупоии маркази таҳқиқотӣ дар гузориши охирини худ дар бораи вазъи танҳоӣ мебошанд, ки он дар сайти марказ нашр шудааст.
Бино ба маълумоти онҳо, ҳоло ҳар як сокини чоруми ИА худро танҳо ҳис мекунад. Соли 2016, тақрибан 12 дарсади одамон дар ин бора хабар доданд. Шумораи одамони муҷаррад дар ҳама гурӯҳҳои синну сол ду баробар ва дар байни одамони 18-35- сола сатҳи танҳоӣ чор баробар афзудааст.
Муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки аҳолии давлатҳои Аврупо таҳти "пандемияи танҳоӣ" қарор дошта, вазъ метавонад аз ин ҳам бадтар гардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 886