Хабарҳо
ФУТЗАЛ
Пирӯзии Тоҷикистон бар Литва
Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» (Бангкок, Таиланд) дар бозии ниҳоии гурӯҳӣ бар мунтахаби Литва бо ҳисоби бузурги 9:2 ғалаба кард. Бар пояи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҳайати тими мунтахаби кишвар тӯбҳоро Файзалӣ Сардоров (6 гол) Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба самар расонданд. Пас аз ин пирӯзӣ мунтахаби Тоҷикистон бо се хол дар гурӯҳ зинаи сеюмро касб намуда, 30 июл барои ишғоли зинаи 5 - ум бо тими Мозамбик неру месанҷад.
ТОКИО – 2020
Як пирӯзӣ ва бохти Акмал
27 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи дзюдо дар вазни 81 кг баргузор шуд, ки дар он гӯштигири тоҷик Акмал Муродов ширкат кард.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Акмал Муродов дар даври аввал бар Ҷоштер Андрев (Гуам) ғалаба карда, дар даври дуюм аз варзишгари маъруфи гурҷӣ Тато Григалашвили мағлуб шуд.
Дар ин вазн Таканори Нагасэ (Ҷопон) қаҳрамон гардид. Медали нуқра насиби Саид Моллаи (Муғулистон) шуд. Ду ҷои сеюмро Шамил Борчашвили (Австрия) ва Маттиас Касс (Белгия) ишғол карданд.
ТУРКМАНИСТОН
бори аввал соҳиби медали олимпӣ гардид
Полина Гурйева, вазнбардори туркманистонӣ, дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар вазни то 59 кг миёни бонувон барандаи медали нуқра гашт.
Полина Гурйеваи 22 - сола аввалин варзишгар дар таърихи Туркманистон аст, ки медали Бозиҳои олимпиро ба даст овард.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 904