иҷтимоиёт
ХАТЛОН – СУРХОНДАРЁ. ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати раисони баъзе шаҳру навоҳӣ, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони муваффақи вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд.
Меҳмонон нахуст аз Минтақаи озоди иқтисодии "Тирмиз", Минтақаи озоди тиҷоратии "Маркази байналмилалии тиҷоратии Тирмиз" ва Маркази байналмилалии логистикии "Тирмиз Карго Сентр" дидан намуданд. Мақсад аз ин, шиносоӣ бо дастоварду комёбиҳои мутахассисони ӯзбек арзёбӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамзамон, 15 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо 15 шаҳру ноҳияи вилояти Сурхондарё мақоми бародаршаҳрӣ гирифтаанд. Ин аст, ки тайи чанд соли ахир ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ тавсеаву густариш меёбанд. Мушаххасан, ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум сӣ маротиба афзуд.
Дар рӯзи дуюми сафар дар шаҳри Тирмиз форуми соҳибкорони вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон баргузор гардид, ки дар он ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ду вилояти ҳамсоя ширкат доштанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар бораи дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамгироии захираҳо ва имкониятҳои технологии истеҳсолкунандагони ду минтақа муфассал сухан ронд. Таъкид шуд, ки ин чорабинӣ барои дастгирии соҳибкорон дар минтақаҳо, таҳкими ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва роҳандозии ташаббусҳои барои ҳар ду ҷониб муфид натиҷаи мусбат хоҳад дод.
Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки ба шарофати сиёсати созандаи сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев солҳои охир муносибатҳои дӯстонаи чандинасраи халқҳои тоҷику ӯзбек дар марҳилаи нав густариш меёбанд. Ҳоло дар вилояти Сурхондарё 25 корхона бо саҳми соҳибкорони тоҷик фаъолият мекунад. Онҳо барои татбиқи 14 лоиҳа давоми солҳои 2019 – 2020 10,1 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардаанд. Солҳои 2021 – 2022 бошад, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар Сурхондарё барои татбиқи чор лоиҳа 24 миллион доллар ҷудо хоҳанд кард. Соли гузашта гардиши савдои Сурхондарё бо Тоҷикистон 21,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ҳокими Сурхондарё Тӯра Боболов иттилоъ дод, ки дар вилоят панҷ маркази миллию фарҳангии тоҷикон мавҷуд аст. Дар 80 мактаби миёна насли наврас ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд. Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои мактабҳои тоҷикзабон оғоз кардааст.
Дар идомаи форуми тиҷоратӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла, вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, муаррифӣ шуданд. Муовини раиси вилояти Сурхондарё Анвар Арипов ва муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода иштирокчиёни форумро бо иқтидори сармоягузорӣ, содиротӣ, сайёҳӣ ва имкониятҳои минтақаҳо ошно карданд.
Дар доираи форум раисони вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои озоди иқтсодӣ, донишгоҳҳои давлатӣ ва палатаҳои савдои ду вилоят дар бораи тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонданд. Аз ҷумла, дар ёддошти тафоҳум миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ҳокимияти шаҳри Тирмиз оид ба равнақи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, кишоварзӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба соҳаи сайёҳӣ, истифода аз туризми табобатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дарҷ ёфтааст.
Дар поёни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва дигар дастандаркорон барои мизбонии сатҳи олӣ сипоси амиқ иброз карда, онҳоро даъват кард, ки моҳи августи соли ҷорӣ бо чунин сафар ба вилояти Хатлон оянд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”,
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.07.2021 №: 150 Мутолиа карданд: 589