Хабарҳо
ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
Имрӯзҳо дар шаҳри Роғун ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷанд. Симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботар мегардад.
Тавре Музаффар Сулаймонзода, раиси шаҳр, дар суҳбат зикр кард, бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бунёду навсозии наздик ба 150 иншооти бузурги таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин дам қариб 110 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар онҳо 265 нафар бо ҷои кори доимӣ ва 800 нафар ба кори мавсимӣ таъмин шуд. Иншоот бештар ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, сайёҳӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва пулу роҳҳои мошингузар марбут буда, дар 45 иншооти дигар корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён доранд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни таърихӣ чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳад, - гуфт Музаффар Сулаймонзода.
Зикруллоҳ РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 912