Хабарҳо
ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД
Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши VIII геологҳои ҷавон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020 - 2040» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Зикр гардид, ки «Слёти геологҳои ҷавон» бори ҳаштум аст, ки гузаронда шуда, ҳадафи он ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ, кашфи истеъдодҳои нодири геология ва тақвияти раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология, иброз дошт, ки дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тоза ва неруи пешбаранда буда, истифодаи васеи фановарии муосирро дар истеҳсолот ба хубӣ таъмин карда метавонанд. Муҳим он аст, ки бо ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба соҳаи геология муносибати онҳо ба табиат, ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва аз ҳама муҳим муҳаббат ба Ватани хеш комилан тағйир меёбад.
Ҷамъомади геологҳои ҷавон ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мешавад, вале имсол бо сабаби пандемия дар сатҳи маҳдуд гузашт. Дар он асосан мактаббачагони ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ таваҷҷуҳдошта иштирок намуда, бо маҳорату кордонӣ дар соҳаи геология қувваозмоӣ карданд.
Аъзои ҳакамон аз байни онҳо беҳтаринҳоро интихоб намуда, ғолибон ба «Слёти геологҳои ҷавони ИДМ», ки баргузории он моҳи августи соли равон дар нақша аст, роҳхат гирифтанд. Ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши геологҳои ҷавон бо медал, диплом ва сипосномаи Саридораи геология сарфароз гардонда шуданд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1216