logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ПЕШГИРӢ АЗ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО БАР ДӮШИ КИСТ?

Давоми шаш моҳи соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6476 ақди никоҳ бекор шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 990 адад зиёд аст. Яъне, дар як рӯз ба ҳисоби миёна дар кишвар 36 оила «вайрон» мешавад, ки боиси нигаронист. Ҷанбаи дигари ташвишовари масъала ба тарбияи яке аз волидон вогузор намудани фарзандон ба шумор меравад. Дар ин давра, бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо 6701 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон гузошта шудааст, ки ин омил ба тарбияи дуруст ва камолоти маънавии фарзандон бетаъсир нахоҳад буд. Зеро, беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулпазирӣ маҳз дар оила ташаккул ёфта, муносибати хуби падару модар ба фарзандон таъсири мусбат мерасонад.
 
АЗ ЭЪЛОНИ «СОЛИ ОИЛА» ТО ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТ
Дар ҳақиқат, пошхӯрии оилаҳо ба рушди бемайлони ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад, чун ҷомеа аз оила таркиб ёфта, солимии он ба солимии оила пайвастагии ногусастанӣ дорад. Зиёда аз ин, мушкилоти нав ба навро дар ҷомеа эҷод мекунад: афзоиш ёфтани шумораи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, баҳси алимент ва дигар мушкилот. 
Бар пояи таҳлилҳои мутахассисон сабаби асосии сар задани низоъҳо байни зану шавҳар дар оилаҳои ҷавон, ки боиси ҷудо шудани онҳо мегардад, ба ҳаёти мустақилона омода набудани духтарон ва ҷавонон мебошад. Иддае аз падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона ҳоло ҳам дуруст омода намесозанд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой намедиҳанд.
Пайомадҳои ногувори ин масъалаи ташвишоварро Сарвари давлат амиқан дарк намуда, барои пойдории оила дар ҷомеа ва коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуданд.  Инчунин, дар мамлакат як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 ба тасвиб расидаанд. Вале, ҳамоно мушкилот аз байн нарафта, балки сол ба сол ташвишовар мегардад. 
 
ЧАНД САБАБИ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО 
Сабоҳат Рустам, сардори шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳолати бекоршавии ақди никоҳ аввалин бор дар панҷ соли охир (аз соли 2015), танҳо соли 2020 коҳиш ёфт. Дар ҷамъбасти соли гузашта теъдоди талоқ 10536 ҳолатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (12482) 1946 ҳолат кам буд. Мутаассифона, дар нимсолаи якуми соли равон ин мушкилот раванди болоравӣ касб намуд.
- Агар сабабу омилҳои онро ба риштаи таҳлил кашем, аз як тараф номувофиқатии муносибатҳо миёни аъзои оила, вазъи иқтисодӣ, бемории яке аз ҳамсарон, таваллуди фарзанди маъюбиятдошта, дахолати шахсони сеюм, муҳоҷират, зӯроварии хонаводагӣ, аз ташхиси тиббӣ нагузаштани навхонадорон бошад, аз тарафи дигар, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, телефони мобилӣ дар мавриди истифодаи нодурусти он аз ҷониби аъзои хонавода, махсусан, ҷавонон аст. Дар муҳити хонавода аз меъёр зиёд истифода намудани телефони мобилӣ ва ё саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба муносибатҳои аъзои хонавода бетаъсир намемонад. Фарз кардем, духтар ё писар аснои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба гапу маслиҳати волидони худ гӯш намедиҳанд. Дар натиҷа аз ин амал муносибатҳо байни волидону навхонадорон сард гардида, нофаҳмиҳои зиёдеро дар муносибатҳои хонаводагӣ ба бор меорад, - мегӯяд Сабоҳат Рустам.
Ҳамсуҳбати дигарамон зани рӯзгордида Қурбонгул Сафаралиева иброз дошт: “Аз чӣ бошад, ки имрӯз аксари ҷавонон хеле ҳассос шудаанд. Сабру таҳаммулро қариб ки намепазиранд. Даҳҳо маротиба бо суханони нарм насиҳат мекунӣ хуб қабул мекунанд, вале мебинӣ, ки пагоҳ боз кори худро мекунанд”.
 
ЧОРАБИНИҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИН САМТ
Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён иброз дошт, ки на танҳо раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, балки дигар сохторҳои Вазорати адлия дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва дигар қишри аҳолӣ доир ба мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, ҳуқуқи зану шавҳар ва дигар аъзои оила корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Яке аз сабабҳои асосӣ ин омода набудани баъзе ҷавонон ба қоидаву шартҳои оиладорӣ мебошад. Онҳо бояд пеш аз барпо кардани оила ба он омодагӣ гиранд. 
- Масъалаи дигар ин ба вуҷуд овардани фазои хуб дар оила ва маҳали зист ба ҳисоб меравад. Мо доимо аз шахсони баобрӯ ва бонуфузи кӯчаву маҳаллаҳо, деҳот ва шаҳракҳо даъват ба амал меорем, ки доир ба муқаддас будани оила ва нақши он дар ҷомеа бо сокинон суҳбату вохӯрӣ гузаронанд, то пеши роҳи пошхӯрии оилаҳо гирифта шаванд. Аммо ҳаёт аст, новобаста аз чораҳои андешидашуда, шояд ин чораҳо кам бошанд, мутаассифона, бекоршавии ақди никоҳ зиёд аст, - гуфт вазири адлия. 
Сабоҳат Рустам иброз намуд, ки кумита бо мақсади пешгирии раванди болоравии бекоршавии ақди никоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ-маърифатиро тақвият бахшидааст. Вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, хурофотпарастию бегонапарастӣ, аз ҷониби кумита ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ним сол 91 фестивалу конфронси ҷумҳуриявию байналмилалӣ, 744 чорабинии фарҳангӣ - иттилоотӣ ва аксияҳои тарғиботӣ - иттилоотӣ, 139 суҳбату мулоқот, 31 семинару курси машваратӣ - ҳуқуқӣ ва мизҳои мудаввари омӯзишӣ - иттилоотӣ ва 10 озмуни маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.
 
БАҲСИ АЛИМЕНТ БА МАСЪАЛАИ ДОҒ ТАБДИЛ ЁФТААСТ
Бино ба иттилои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон барои ситондани маблағи алимент 7307 истеҳсолоти иҷро ворид гардидааст. Дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро 84 214 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар давраи ҳисоботӣ 12,6 миллион сомонӣ ситонда шудааст.
Бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардрхти маблағи алимент аз ҷониби иҷрочиён нисбат ба 372 нафар барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод ирсол шуда, нисбат ба 213 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бар пояи иттилои Суди Олӣ бошад, давоми шаш моҳи аввали соли равон  судҳои кишвар 319 парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ ва ҳукм баровардаанд. Ин моддаи қонун, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин, фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад. Инчунин, агар ҳамин кирдор, такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Лоиқ Нусратиён, директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлия, иброз дошт, ки давоми панҷ соли фаъ-олияти марказ (аз соли 2015 то 2020) қариб ба 75 ҳазор нафар ёрии ҳуқуқии ройгон расонда шудааст. Аксари муроҷиаткунандагон доир ба масъалаҳои оилавӣ ва баҳси алимент муроҷиат кардаанд. Мутаассифона, ин омил рӯз ба рӯз тамоюли зиёдшавӣ дорад.
- Аслан, алимент таъмини ояндаи дурахшони фарзандро кафолат намедиҳад. Таҳлилҳои фаъолияти корӣ худ шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Нафароне ҳастанд, ки ба хотири дар эътидол нигоҳ доштани вазъи иҷтимоию иқтисодии фарзанди хеш аз маблағи муқаррарнамудаи ҳалномаи судӣ маблағҳои иловагиро ба ном “алимент”  пардохт менамоянд, - гуфт Сабоҳат Рустам.
 
ЧӢ БОЯД КАРД?
Ба андешаи Сабоҳат Рустам, падару модаре, ки фарзандонашонро оиладор мекунанд, аз ӯ суол кунанд, ки оё ба оиладорӣ омода ҳаст ё на? Духтар ё писарро аз маърифати оиладорӣ ва танзими муносибатҳои оилавӣ бохабар созанд. Ва маълум аст, ки ҳар як оила фарҳанги зиндагӣ ва хислату арзишҳои ба худ хос дорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ба ин ҳама нозукиҳо мутобиқ бошанд, сабру таҳаммулро дар ҳаёти оилавӣ пеша кунанд, муҳаббату эҳтиром, садоқату вафодорӣ, пос ва мустаҳкам нигоҳ доштани арзишҳои оиладорӣ рукни асосӣ ва маромномаи зиндагиашон бошад. Аз никоҳи хешутаборӣ худдорӣ намуда, пеш аз оилабарпокунӣ аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаранд. Оилаеро барпо намоянд, ки аз он фазои дӯстиву қадршиносӣ ва самимияту саодат ба машом расад ва худ аз он болида гарданд.
Мавҷуда Комилова, ҷомеашинос, дар суҳбат чунин гуфт: “Таҳлилҳо нишон дод, ки як қисми оилаҳои ҷавон пас аз 4 – 5 моҳи зиндагии якҷоя ба хулосае меоянд, ки дар интихоби якдигар хато кардаанд. Баъдан саволе ба миён меояд: Ба ин кӣ гунаҳкор? Падару модар, хешу табор ё дӯстон? Дар ин ҳолат касе ҷавобгариро бар дӯш гирифтан намехоҳад. Аз ин рӯ, масъалаи интихоби ҳамсар барои бунёди оила масъалаи хеле нозук буда, дар ин ҳолат саҳлангорӣ, шавқи зоҳирӣ, ҷоҳу ҷалолталабӣ кори хатост». 
Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҷомеаи начандон калони мо пошхӯрии қариб 6500 оила давоми ним сол ва дар тарбияи яке аз волидон мондани фарзандони онҳо барои ҷомеа пайомадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт. Аз ин хотир, пос доштану муқаддас донистани оила бар нафъи ҳар сокини кишвар ва, дар маҷмӯъ, ҷомеа мебошад.  
Дар иртибот ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохӯриҳояшон бо занону бонувон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ махсусан истода мегузаранд. Аз ҷумла, дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар (7 марти соли 2020) аз афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон давоми солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, аз модарону бонувон чунин даъват ба амал оварданд: “Ман аз шумо, модарону бонувони азиз, даъват менамоям, ки нисбат ба шавҳарони худ меҳрубону ғамхор бошед ва ба қадри заҳмати онҳо низ расед. Бовар дошта бошед, ки дар ин сурат шумо ҳатман оилаи мустаҳкам барпо карда метавонед, саломатиатон хуб мешавад ва умри бобаракат мебинед. Чунки муносибати хуби байниҳамдигарии падару модар ба фарзандон ва аҳли оила таъсири мусбат мерасонад ва ба онҳо дарси ибрат мегардад. Яъне, фарзанд тарзи дурусти оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад. Танҳо дар чунин оилаҳо фарзандон падару модари худ ва калонсолонро эҳтиром мекунанд, дастгиру кумакрасони онҳо мешаванд ва ҳамчун шахсони хайрхоҳу савобҷӯ ба камол мерасанд”.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2021    №: 153    Мутолиа карданд: 1950
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед