иҷтимоиёт
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР, АЙНӢ ВА «ОВОЗИ ТОҶИК»
«Моҳи августи соли 1924 вақте ки ман аз мактаби ҳарбии Чорҷӯй ба Тошканд омадам, ҳанӯз либоси низомиямро иваз накарда будам. Дар шаҳр тасодуфан бо шахси якдастаи форсизабон Ҳасан Ҳусейнзода Бижанӣ рӯ ба рӯ шудам. Пас аз пурсупос, маро ба хонаи якошёнаи хиштини кӯчаи 1 май бурд. Баробари ворид шудан дар хона ду шахси қоматбаландро дида салом гуфтем, қомати яке қариб ба шифт мерасид, кабудчашм буд, қомати дувумаш андак пасттар, чашмсиёҳ буд. Онҳо дар тан куртаи ҳарбӣ, дар по мӯза, сари луч сари кадом як масъала гарму ҷӯшон мунозира мекарданд. Андак таваққуф намуда, ба мо нигаристанд. Бижанӣ маро бо онҳо шинос намуда, мухтасар тавсиф кард».
Ин сатрҳоро Мустафоқул Нурмуҳаммадов, аъзои ҲКИШ аз соли 1923, дар мақолаи «Чанд вохӯрӣ бо Шириншоҳ Шоҳтемур» («Ҷавонони Тоҷикистон», 6 апрели соли 1990) менависад. Муаллиф хотираҳояшро аз вохӯрӣ бо фарзанди вафодори миллат рӯйи чоп овардааст. Ӯ дар идома чунин ёдовар мешавад: «Шахси чашмсиёҳ ба ман муроҷиат карда гуфт: Ба назди мо омадӣ, хеле хуб шудааст, айни муддао, туро ба курси асосии тоҷикии САКУ тавсия мекунем. Ба ту хобгоҳ, хӯрок, либос ва маълумот медиҳанд. Баъд суханҳои пандомез гуфт, ки нағз хонам, соҳиби маълумот шавам, ба хизмати халқи ситамдида омода бошам. Ба маҷлисҳои сексияи ҳизби коммунистони тоҷик мунтазам ҳозир шуда, супоришҳои онро сари вақт иҷро намоям.
Ҳамроҳи Бижанӣ ба сӯи САКУ роҳакӣ шудем, дар аснои роҳ вай гуфт, ки шахси чашмсиёҳ Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Ӯ инструктори КМ Ҳизби коммунисти Туркистон ва дар айни замон сарвари сексияи коммунистони тоҷик мебошад. Чашмкабуд Нисор Муҳаммади Афғон соли 1920 ба Тошканд омада, ҳоло мудири шуъбаи миллатҳои майдаи Комиссариати маорифи халқи Туркистон мебошад. Соли 1923 китоби дарсии «Раҳнамои ҳисоб» ва баъдан «Забони тоҷикӣ»-ро таълиф кардааст».
Шириншоҳ Шоҳтемур амин буд, ки барои рушди ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум шахсони босавод нақши калидӣ доранд. Аз ин хотир, ӯ пайваста барои маҳви бесаводӣ талош мекард. Ва медонист, ки бо нафарони босаводу рушдёфта, кору фаъолият намудан осон аст.
Бар замми ҳамаи ин, Шоҳтемур дар он замони нав, давраи инқилобӣ таъсири сухани чопиро ба хубӣ мефаҳмид, бо тамоми ҳастиаш мубориза мебурд, то мардуми тоҷик соҳиби матбуоти хеш бошад. Вале дар он давраи ҳассос таъсис додани рӯзнома кори саҳлу сода набуд. Зеро аз таърихи матбуоти тоҷик медонем, ки барои чоп кардани нашрияҳо бо забони тоҷикӣ чи монеаҳои сунъиро эҷод мекарданд. Инро дар мисоли аввалин рӯзнома «Бухорои шариф» метавон гуфт.
Шириншоҳ Шоҳтемур барои таъсис додани аввалин рӯзнома бо забони тоҷикӣ «Овози тоҷик» тамоми қуввати хешро сарф кард. Ӯ медонист, ки дар авҷи пантуркистӣ хатари аз байн рафтани рӯзнома аст. Шоҳиди ин воқеаҳо Мустафоқул Нурмуҳаммадов чунин менигорад: «Хавфу хатареро дарк намуд, ки рӯзномаро нобуд мекунанд. Ёрии моддӣ ва маънавии таъҷилӣ зарур буд. Дилаш ором набуд, бинобар ин фавран ҳамроҳи Нисор Муҳаммад ба Самарқанд сафар карда, пеш аз ҳама маслиҳати Садриддин Айниро гирифта, бо тавсияи ӯ ба посёлкаи (шаҳрак) Улуғбек ба ҳавлии Ҳасан Ирфон меравад. Ирфон зуд аҳли илму қалам ва кормандони рӯзномаро даъват мекунад. Дар он ҷо ба қарор меоянд, ки рӯзнома аз шумораи 12-ум ҳамчун нашрияи афкори ОРГБЮРО интишор ёбад, аз ҷиҳати моддӣ таъмин бошад, то ки ба доми унсурони мухолиф наафтанд».
Воқеан, ин тасмими Шириншоҳ Шоҳтемур аз он далолат мекунад, ки ӯ новобаста аз ҷавонияш (он вақт ҳамагӣ 25 сол дошт), то кадом андоза зираку дурандеш будааст. 14 феврали соли 1936 пас аз қариб 12 сол дар Пленуми чоруми КМ ВК (б) Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аз таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» ёдовар шуда мегӯяд: «Дар назди КМ Ҳизби Коммунистии Туркистон сексияи коммунистӣ буд, ки ман онро роҳбарӣ мекардам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин бисёр зарур буд, вале мо пул надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам ва ӯ, ки дар вазифаи раиси Комитети консесии (предоблконцесском) вилояти Фарғона буд, барои таъсиси газета 2000 рубл дод» (К. Искандаров. "Славный сын таджикского народа").
Шириншоҳ замоне ба қатл расонда шуд, ки то 38-сола шуданаш бештар аз як моҳ боқӣ монда буд. Афсӯс, дар айёми камолоти умраш бегуноҳ ба қатл расонданд. Имсол бошад аз марги ӯ 84 сол пур шуд. Чаро бегуноҳ? Зеро баъзе бадхоҳон дар ҳаққи ӯ туҳмат заданд. Мақоли машҳури халқӣ аст, ки мегӯянд: «Ҳақиқат як рӯз не як рӯз рӯи об мебарояд». Ва баъд аз 19 сол, яъне соли 1956 адолат тантана карду бегуноҳии ӯ исбот гардид.
Зиндагиномаи талхи ӯ вале ибратбахшаш нишон дод, ки Шириншоҳ барои таъсис додани давлати миллӣ аз баҳри ҷонаш гузашта буд. Маҳз миллати тоҷик аз қадим бо чунин фарзандони сарсупурдааш ифтихор дошту дорад.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2021 №: 153 Мутолиа карданд: 642