иқтисод
БОХТАР. РӮ БА РУШД
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои нимсолаи аввали соли 2021 корҳои муайянеро ба сомон расондааст. Вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо вобаста мебошад, ки ин масъала ҳамеша зери диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, баҳри истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда ва пайдо намудани манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд, - иброз дошт Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар.
БУҶЕТ
Тайи шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷет 101 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 93,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 749,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи воридоти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 100 фоиз таъмин гашт.
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» бо 52 ташкилоту муассиса ба маблағи 244,2 ҳазор сомонӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонд. 120,1 ҳазор сомонӣ маблағи иҷораи амволи давлатӣ пардохт шуд, ки 49,1 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна 11 лоиҳаи сармоягузорӣ – дар соҳаҳои тандурустӣ ду лоиҳа ба маблағи 32,2 миллион доллари ИМА, коммуналӣ як лоиҳа ба маблағи 4,9 миллион доллар, кишоварзӣ ду лоиҳа ба маблағи 150,7 миллион доллар, нақлиёт як лоиҳа ба маблағи 9,2 миллион доллар, маориф ду лоиҳа ба маблағи 15,3 миллион доллар, ҳифзи иҷтимоӣ як лоиҳа ба маблағи 1,8 миллион доллар ва дар самти тағйирёбии иқлим ду лоиҳа ба маблағи 33,7 миллион доллар мавриди амал қарор доранд.
Гардиши чаканаи мол якҷоя бо бахши хусусӣ 1 миллиарду 305,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта ба маблағи 444 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
КИШОВАРЗӢ
Тайи ним соли ҷорӣ ба маблағи 50,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ тавлид гардид. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 813,4 тонна картошка (196,4 тонна зиёд), 8766,2 тонна сабзавот (2641 тонна зиёд), аз ҷумла бодиринг 1636 тонна, помидор 2875 тонна, карам 684 тонна, пиёз 965 тонна ва 1600 тонна дигар сабзавот, меваҷот 105,6 тонна (21,5 тонна зиёд), хӯроки чорво 652 (8,7 тонна зиёд), 222,6 тонна шир (6,6 тонна зиёд), 29,6 тонна гӯшт ва 502 кило пила истеҳсол шудааст.
Ба хориҷи кишвар 1383,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1244 тонна пиёз, 72,4 тонна меваҷот, 45,2 тонна донаи зардолу ва 22 тонна тарбуз содирот гашт, ки 44 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи нақша дар 426 гектар зироатҳои кишоварзӣ (пахта 300 гектар, сабзавот 72 гектар, картошка 30 гектар ва 24 гектар ғалладонагиҳо) кишт шуда, дар масоҳати 600 гектар кишти такрорӣ гузашт.
САНОАТ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ 112,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 15,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои шаҳр – ҶСК «Трансформатор» ба маблағи 115,2 ҳазор сомонӣ, ҶСШК «Ресанда» 75,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Меҳровар” 57,4 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Комбинати шир” 71,2 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Баҳодур – 2” 30 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Осиё+М” 86,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Шириниҳои Шарқ” 40,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Форсиён” 181,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Лазиз” 48,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Шаҳзоди Меҳроҷ” 38,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Исроили Абдулло” 60,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ношир-С” 24 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ҷомкор” 33,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Насим” 26,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Имрон Бохтар” 157,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Кота Глобал” 808,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Сомон Байк” 110,6 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Артес» 178,7 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ “Бохтар шифер” 1068,5 ҳазор сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар доираи эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорум дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаи ҶДММ “Бохтар шифер” ва сардхонаи ҶСШК “Хӯрокворӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба ин васила 67 ҷои кори доимӣ таъсис ёфт.
СОХТМОН
Тайи шаш моҳи соли равон дар иншооти аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёдшаванда марҳилаи дуюми сохтмони Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳр ба маблағи 1359,1 ҳазор сомонӣ, таҷдиду тармими варзишгоҳи “Пахтакор” ба маблағи 374 ҳазор сомонӣ, навсозии чорроҳаи “Ҳоҷӣ Шариф” ба маблағи 465 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои кумитаи маҳаллаҳо ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои маъмурии КДФ “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ” ба маблағи 393 ҳазор сомонӣ, таъмиру таҷдиди намуди зоҳирии биноҳои баландошёна ба маблағи 214,7 ҳазор сомонӣ ва сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.
Ҳамзамон, дар ин давра ба масоҳати 21 651 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба масоҳати 8712 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ” сохтмони 307 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва инфросохторӣ ба нақша гирифта шуда, соли 2018-ум 17 иншоот ба маблағи 31,7 миллион сомонӣ бо таъсиси 93 ҷои кор, соли 2019-ум 103 иншоот ба маблағи 131,2 миллион сомонӣ бо таъсиси 403 ҷои кор, соли 2020-ум 96 иншоот ба маблағи 123,8 миллион сомонӣ бо таъсиси 318 ҷои кор, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 70 иншоот ба маблағи 56,6 миллион сомонӣ бо таъсиси 237 ҷои кор, дар маҷмӯъ 286 иншоот бо таъсиси 1051 ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр чораҳои заруриро амалӣ намуда, кӯшишу ғайрати худро баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2021 №: 153 Мутолиа карданд: 1665