иҷтимоиёт
ЛАЙЛО ИСМОИЛОВА: “ДАР ҚАЛБИ САРШОР АЗ МЕҲРИ ЧИН ГУЛҲОИ ЧИНӢ МЕРӮЯНД”
Лайло Исмоилова, ҳарчанд ки номи шоирона дорад, як духтари одии тоҷик аст. Вай ба монанди қаҳрамони лирикии ҳамномаш пас аз муайян намудани ҳадафи зиндагиаш собитқадамона барои амалӣ карданаш талош меварзад. Ҳатто ба нокомӣ дар қадамҳои аввал нигоҳ накарда, аз раъйи худ барнагашт, саъю кӯшиши бештар намуда, ҳеҷ гоҳ аз самти интихобкардааш пушаймонӣ накардааст. Ба андешаи ӯ, агар заҳмат накашему меҳнат накунем, чӣ гуна дурри мақсадро ба даст оварда метавонем? На танҳо дар омӯзиш, балки дар ҳар як коре, ки мо мехоҳем анҷом бидиҳем, лозим меояд, ки истодагарӣ ва саъю талош намоем.
Заҳмату талошҳои ӯ самараи хуб ба бор оварданд. Лайло Исмоилова дар даври ниҳоии даъвати 14-уми Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби мутлақ эълон гардида, дар даври ниҳоии озмуни мазкур, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад намуд.
Сабаби омӯзиши забони чиниро интихоб намудани Лайло ин ошноӣ пайдо намуданаш бо таърихи куҳан, фарҳанги бою ғанӣ ва тарзи зиндагонии мардумони Чин мебошад. Нақша дорад, ки робитаи хешро бо забони чинӣ қавитар созад. Ҷумлаи писандидаи ӯ “На ҳамаи саъю кӯшишҳо муваффақ мешаванд, аммо ҳамаи муваффақиятҳо натиҷаи саъю кӯшишҳост” мебошад. Ин ҷумла дар ҳаёти ӯ таъсири муҳим расонда, ӯро водор месозад, ки ҳамарӯза саъю кӯшиш намояд ва барои ба даст овардани ояндаи дурахшон эътимод дошта бошад.
Зиёда аз 4 сол мешавад, ки Лайло Исмоилова ба омӯзиши забони чинӣ машғул аст. Лайло дар хурдӣ танҳо тавассути филмҳои телевизионӣ ду - се калима аз забони чинӣ омӯхта буду тамом ва дар бораи Чин маълумоте надошт, аммо таърихи куҳан, фарҳанги бою ғанӣ, тамаддуни воло ва расму оини ин сарзамин доимо диққати ӯро ба худ ҷалб менамуд. Аз ин хотир ӯ ба Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забони чинӣ омад. Ҳар сония ва дақиқаи дар ин ҷо сипаришуда барояш бениҳоят пурарзиш аст ва ҳар лаҳзаи омӯзиши забони чиниро ӯ барои хеш пурмазмунтарин лаҳзаи ҳаёт мепиндорад. Маҳз дар ҳамин ҷо орзуҳои ӯ ҷомаи амал пӯшиданд. Ӯ оҳиста – оҳиста бо чинӣ гап задану баён намудани ақидаҳои хешро омӯхт. Лайлоро соли 2018 толеъаш баландӣ намуду дар лагери тобистонаи ин кишвар истироҳат намуда, бо чашмони хеш Девори бузурги Чин, қасри Гугонг ва майдони Тиенанменро аз наздик дид. Аз он вақт ӯ дар қалби хеш ҷой намуд, ки ин дар ҶМЧ таҳсил намуда, тарҷумони баландихтисос мешаваду дар пойдории муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин саҳм мегузорад.
Вобаста ба вазъи эпидемиологии баамаломада давраҳои интихобӣ ва ниҳоии даъвати 14-уми Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи офлайн гузаронда шуд. Даври интихобии озмун санаи 13-уми июн ва даври интихобӣ бошад, 23-юми июн баргузор шуд. Тӯли ин ду ҳафта институтҳои Конфутсийи назди ДМТ ва ДКМТ дар якҷоягӣ бо нуқтаҳои таълимӣ дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзиданд. Ҳунару истеъдод ва маърӯзаҳои довталабонро тавассути шабакаи интернет дида баҳогузорӣ намуданду аз миёни онҳо 8 довталабро барои рақобат дар даври ниҳоии озмун роҳхат доданд.
Довталаб Лайло Исмоилова донишҷӯи гурӯҳи HSK 5-и Институти Конфутсийи назди ДМТ буда, зиёда аз чор сол мешавад, ки ба омӯзиши забони чинӣ машғул аст. “Замони ба гурӯҳи HSK 4 гузаштанаш ман гурӯҳи онҳоро ба уҳда гирифтам. Дар муддати ду соле, ки ман ин духтари шармгину боҳаёро дарс додам, ӯ бароям шодию фараҳи зиёд бахшид”, - мегӯяд устоди забони чиниаш Чен Чао.
Лайло дар гурӯҳ аз ҳама донишҷӯи хурдсол мебошад, аммо аз дигарон дида бодиққаттар аст. Машқҳои синфӣ, вазифаҳои хонагӣ ва дигар уҳдадориҳои таълимии рӯзмараро бо шавқу ҳаваси том анҷом медиҳад. Дар рафти дарс ӯ пайваста бодиққат аст ва ба ҳар сухани омӯзгор гӯш медиҳаду чашмонашро аз тахтаи синф намеканад. Пас аз дарс бошад, вазифаҳои хонагиашро бо сифати баланд ва ҳатто аз меъёр зиёд иҷро менамояд. Агар калимаеро хато талаффуз намояд, то тарзи дурусти онро аз бар намудан он калимаро такрор менамояд. Агар калимаеро хато нависад, то замони дуруст баромадани он калимаро бо шавқи том ва такрор ба такрор менависад. Агар нуқтаи грамматикиеро нафаҳмад, даҳҳо ҷумла навишта, аз омӯзгор хоҳиш менамояд, ки ислоҳ намояд, то замоне ки он нуқтаро хуб аз худ накунад.
Бисёре аз донишҷӯён дар оғози омӯзиш аз содагии нутқ ба ваҷд омада, аз сатҳи суҳбат оростани хеш қаноат мекунанд, аммо замоне ки омӯзиши иероглифҳо, нуқтаҳои грамматикӣ ва дигар донишҳои мураккаб фаро мерасад, “ақибнишиниро” интихоб менамоянд. Чунин бетакаллуфӣ асло дар донишҷӯ Лайло Исмоилова дида намешуд, баръакс ӯ мисли як мошинаи пурҳаракат доимо аз пайи омӯзиш аст. Кӯшишу заҳматҳои пайвастаи ӯ инак натиҷаи хуберо ба бор овард. Натиҷаҳои озмуни “Пули забони чинӣ”-и навбатӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.
«Моҳи майи соли 2020 замоне, ки эълони озмуни “Пули забони чинӣ”-ро ба даст овардам, дар зеҳнам танҳо номи донишҷӯ Лайло Исмоилова давр мезад. Хостам ин духтараки кӯшо, аммо нисбати худ эътимод надоштаро барои далерона иштирок намудан дар озмуни навбатӣ водор намоям. Боварӣ дорам, ки тавассути иштирок дар озмун на танҳо метавон сатҳи забони чинии ӯро тақвият бахшид, балки ҳолати рӯҳии ӯро низ беҳтар намуд.
Ҷои тааҷҷуб нест, Лайло бо шунидани эълони озмун бо асабият аз ман пурсон шуд: “Муаллим, оё ман метавонам иштирок намоям?”, “Муаллим, оё сатҳи забони чинии ман кофӣ аст?” Ман ин ҳама изтироби ӯро бо як ҷумла фурӯ нишондам: “Хавотир нашав, мо дар ин озмун як бозӣ мекунем тамом, ҳамин ки ҳунару истеъдоди туро ба намоиш гузоштем, худ муваффақият аст!”, - ба ёд меорад он рӯзҳоро устодаш Чен Чао.
Омӯзиши забони чинӣ на танҳо омӯзиши илм аст, балки аниқтараш дар амал татбиқ намудани дониш аст. Озмуни “Пули забони чинӣ”, ки ҳамасола баргузор мешавад, барои ихлосмандони забон имкони намоиши донишашонро фароҳам меорад.
23-юми июни соли равон 8 довталабе, ки аз даври интихобӣ гузашта, барои иштирок дар даври ниҳоии озмун роҳхат гирифта буданд, тавассути шабакаи иҷтимоии “Zoom” миёни ҳам рақобат намуданд. Дар асоси натиҷаҳои умумӣ аз бахшҳои посух гардондан ба саволҳо, намоиши ҳунару истеъдод ва маърӯза, дар охир Лайло Исмоилова бо ба даст овардани холҳои зиёд соҳиби ҷои аввали даври ниҳоии даъвати 14-уми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
“Суханронии Лайлоро шунида, ашк дар гирди чашмонам давр мезаду ба худ мегуфтам, ки ин духтараки меҳрубон бояд аз ҳама бештар аз худаш миннатдор бошад. Ҳар калимаро такрор ба такрор ислоҳ намудан, ҳар лаҳзаи наворро дар худ ҳазм намудан, ҳар амалро бо машаққатҳои зиёд такрор намудан, тамринҳои бепоён... Агар ин ҳама заҳмату истодагарии худи ӯ намебуд, оё имрӯз ба чунин комёбӣ расида метавонист!
Ин таҷриба ба кори мо таъсири мусбат расонд. Таманно мекунам, ки “ғунчаи забони чинӣ” - Лайло дар роҳи омӯзиши ин забон ба шодмониву комёбиҳои бештаре ноил гардида, аз фарҳанги бою ғании Чин бештар баҳраманд гардад”, - мегӯяд Чао.
Дар робита ба ин, худи Лайло Исмоилова чунин мегӯяд: “Панҷ сол пеш ман бо орзуву интизориҳои зиёд дар роҳи омӯзиши забони чинӣ сафарбар гардида, барои омӯзиши он, таърихи куҳан ва фарҳанги бою ғании Чин ба Институти Конфутсийи назди ДМТ омадам. Тӯли чанд соли таҳсил дар ин махзани дониш бо донишҷӯёни зиёде вохӯрдам, ки дар роҳи омӯзиши забон ва фарҳанги Чин собитқадамона гом мебардоранд. Онҳо ҳамеша бароям намунаи ибрат буданд. Бо мурури замон дарк кардам, ки “баҳои аъло” беҳтарин унвону дастоварди донишҷӯ аст. Аммо дар вуҷуди хеш як навъ карахтиро эҳсос мекардам ва аз худам пурсон мешудам, ки: “Наход ман ҳамин қадар тавоноӣ дошта бошам?”. Як рӯз сабти озмуни “Пули забони чинӣ”-ро, ки хело рангину ҷолиб баргузор шуда буд, тамошо кардам. Ғолиби даври ниҳоии озмун ҳамсабақи мо буд. Ба худ бовар доштанаш дар ман таъсири зиёд гузошт. Ба худ мегуфтам, ин хислатест, ки танҳо донишҷӯи намуна дошта метавонад. Аз ин рӯ, имсол дар даъвати 14-уми Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони Тоҷикистон ширкат варзидам. Ҳамаи устодон ва донишҷӯён огоҳанд, ки роҳхат гирифтан ба даври ниҳоӣ чӣ қадар мушкил аст. Мо рақобатҳои зиёдеро паси сар намудем, то ки роҳхатро ба даст оварем. Имсол низ озмун тариқи офлайн ҷараён гирифт, ки ин аз озмуни рӯ ба рӯ фарқи куллӣ дорад. Мақомеро, ки ман имрӯз соҳиб гаштам дар гузашта чандин нафарони дигар низ соҳиб гашта буданд. Имрӯз мо аз ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон барои рақобат ҷамъ омадаем, аммо ба якдигар эътимод дорему ҳамфикрем ва мехоҳем бо қиссаҳои хеш дигаронро ба собитқадам будан дар роҳи интихобнамудаашон талқин намоем. Озмуни навбатӣ маро водор намуд, ки рӯҳияи донишҷӯиро дар шаклҳои нав дарк карда, ба худ эътимод пайдо намоям ва шахсе бошам, ки дунболагири орзуҳои хеш аст. Ҳамчунин, озмун алоқамандии маро бо забони чинӣ боз ҳам қавитар сохт.
Ман ба ҳамаи он нафароне, ки дар роҳи омӯзиши забони чинӣ гом бардоштаанд, гуфтаниам: забони чинӣ бениҳоят мушкилфаҳм аст ва аз худ намудани муҳтавои ҳар дарс бениҳоят мушкил мебошад. Агар шумо калимаҳои омӯхтаатонро пайваста такрор намоед ва ба он калимаҳои навро илова созед ба осонӣ метавонед бо ин забон ҳарф заданро ёд гиред. Ба шумо лозим меояд, ки захираи луғавии хешро доимо мустаҳкам намоед, чӣ гуна дар хотир доштани калимаҳоро омӯзед, калимаҳои аз худ намударо истифода баред ва бо истифода аз калимаҳои муносиб фикру андешаҳои хешро дуруст баён намоед. Дар хотир гирифтану аз худ намудани матнҳо ва дарк намудани муҳтавои он бениҳоят зарур аст.
Ман аз таҷрибаҳои хеш метавонам ба дигарон бигӯям, ки забони чинӣ яке аз забонҳои мушкиломӯз аст ва агар дар рафти омӯзиш мо оид ба Чин ва таъриху фарҳанги он шавқу рағбат дошта бошем, ин ба мо кумак мерасонад. Хуб дар хотир дорам, омӯзгоре ба ман гуфта буд: “Агар мехоҳи забони хориҷиеро аз худ намоӣ, нахуст бояд андешаронӣ бо ин забонро омӯзӣ”. Акнун ҳикмати ин ҷумларо сарфаҳм рафта истодаам.
Аз нигоҳи донишҷӯёни гурӯҳҳои поёнӣ гӯш кардани мусиқӣ, китоб хондан, тамошои филм, қайд намудани лаҳзаҳои ҷолиб, омӯхтани калимаву ибораҳои шавқовар ва ғайраҳо метавонанд малакаҳои шунавоӣ ва дарк намудани онҳоро беҳтар созад. Ҳамчунин, донишҳои омӯхтаи хешро бояд дар амал татбиқ намоед, баёни нутқро омӯзед, пайваста бо омӯзгор ва ё худ гуфтугӯ намоед. Бояд бештар суҳбату тамрин намоед ва бештар суол диҳед. Институти Конфутсий барои мо имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст, ба мисли дарсҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои гуногун. Ин моро водор месозад, ки таъриху фарҳанг ва забони чиниро хубтару беҳтар аз худ намоем. Ман қайд кардан мехоҳам, ки дар ин панҷ соли омӯзиш ҳангоми ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидан, омӯзгорон боре ҳам бо ман дурушт муносибат накардаанд, баръакс кумаки хешро дареғ надошта, маро дар ҳама кор роҳнамоӣ намудаанд.
Дар аввал омӯзиши забони чинӣ бароям бениҳоят мушкил менамуд. Асосан ин чаҳор нуқта: якум, дар забони чинӣ 4-то овоз мавҷуд аст, ки аз худ намуданашон бениҳоят мушкил мебошад. Дуюм, иероглифҳо дар забони чинӣ аз аломатҳои гуногуншакл сохта мешаванд, аломатҳо танҳо ягон маъное надоранд, аз ин рӯ таркиби иероглифҳоро дарк намудан низ осон нест. Сеюм, дар забони чинӣ иероглифҳои зиёде ҳастанд, ки дар чанд шакл талаффуз мешаванд ва ҳар шакли талаффуз маъноҳои худро дорад. Чорум, ҳар забон грамматикаи худро дорад, вале грамматикаи забони чинӣ хеле мураккаб аст. Дар рафти омӯзиши забони чинӣ ман ба чунин мушкилиҳо бисёр бархӯрдаам. Барои хуб аз худ намудани грамматикаи забони чинӣ ман чанд усулеро ба монанди дар дарсҳои фарҳангӣ иштирок намудан ва ё берун аз вақтҳои дарсӣ маводи иловагиро мутолиа намудан, такроран омӯхтани нуқтаҳои грамматикии маводи дарсӣ ва бештар ҷумла сохтан, пеш аз дарс бо матни дарсҳо ошно шудану пас аз дарс такрор намудани донишҳои омӯхташуда, истифода намудам. Ҳар кас бояд қобилияти донишомӯзии хешро бидонад ва мувофиқ ба он усули донишомӯзӣ тартиб диҳад, чунки танҳо бо ин роҳ метавон ба хеш кумак намуд ва дар рафти омӯзиш пешрафт кард.
Вақт бениҳоят зуд мегузарад, бо як миҷа задан панҷ сол сипарӣ шуд. Тӯли ин муддат ман дар Институти Конфутсий донишҳои зиёд аз худ намуда, бо омӯзгорони зиёд ошно шудам. Дар ин ҷо ба омӯзиши забони чинӣ машғул шудан фаромӯшнашавандатарин лаҳзаи ҳаёти ман аст. Ман мехоҳам аз омӯзгорони забони чинии хеш сипосгузорӣ намоям, чунки онҳо бароям донишҳои зиёд ва фарҳангро омӯхтаанд, замони ба воя расидан маро роҳбарӣ намуда, ҳаётамро бениҳоят бою ғанӣ гардондаанд.
Дар асл, ҳодисаҳои бо ман дар Институти Конфутсий рухдода ва муносибатам бо омӯзгорони забони чинӣ худамро ҳам ба ҳайрат меорад. Дар аввал омӯзиши забони чинӣ бароям бениҳоят писанд буд ва ман низ бо саъю кӯшиш забон меомӯхтам, аммо он замон дар муқобили дигар нафарон фикру андешаҳои хешро баён карда наметавонистам, чунки дар бархӯрд бо дигарон ҳисси тарсро эҳсос мекардам. Омӯзгори забони чинӣ маро дарк намуда, кумак менамуд, то ин камбудии хешро ислоҳ намоям.
Боз як қиссаи дигаре низ ҳаст, ки ман онро фаромӯш карда наметавонам. Ду сол пеш ба қароре омадам, ки дар озмуни “Маърӯза бо забони чинӣ” ширкат намоям. Бо саъю талош омодагии ҷиддӣ дида, аз хавотирӣ як шаб хоб низ накардам. Субҳи барвақт бо чашмони варамида барои иштирок дар озмун ҳозир гардидам. Бо мақсади дастгирӣ намудан омӯзгорам дар қатори аввал нишаст ва аз ман хост, ки танҳо ба вай нигоҳ кунам, то ин ки изтиробам аз байн равад. Донишҷӯёни паси омӯзгорон нишаста дӯстони мананд. Аммо ҳамин ки рӯи саҳна омадам танҳо се ҷумла “Номи ман кист, ман аз куҷо омадам ва ман чанд сол дорам...” гуфтаму тамом. Он лаҳза тамоми баданам ба ларза даромад, ҳамаи матни азхуднамудаамро яку - якбора фаромӯш сохтам. Баландгӯякро ба ҷояш гузошта, саҳнаро тарк намудам... Пас аз анҷоми озмун ман чунон гиристам, ки дар чашмонам об намонд. Он замон ман бо худ гуфтам, дигарбора ҳеҷ гоҳ дар озмунҳо иштирок нахоҳам кард.
Ду сол пеш омӯзгор Чен Чао дарси гурӯҳи моро ба зимма гирифт. Ӯ ба ман гуфт: “Ту бояд ба худат бигӯӣ, муаллим ман калимаи «не»-ро қабул карда наметавонам”. Шурӯъ аз он омӯзгор Чао маро тарбия намуд, бо ман тамрин кард ва маро барои иштирок дар ҳама озмуну чорабиниҳо водор сохт. Бори аввал аз ман хост, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати фарҳанги Чин” иштирок намоям. Дар рафти озмун омӯзгорону донишҷӯёни зиёде иштирок доштанд Омӯзгор пеш аз оғози озмун ба ман муваффақият таманно намуда, мегуфт: “Ягон кори намешудагӣ нест, магар ин ки ту онро сидқан хоҳӣ!” Он рӯз ман дар даври интихобии озмун ғолиби соҳиби ҷои аввал гардидам.
Дувумин озмуни иштирок намудаам дар соли 2020 буд. Замони авҷ гирифтани вазъи эпидемиологӣ як занги телефонии омӯзгор маро ҳайратзада намуд. Ӯ аз ман хост, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Пули забони чинӣ” ширкат варзам. Он лаҳза ин ҳамаро чун хобу хаёл қабул намудам. Ман ку таҷрибаи бисёре ҳам надорам, омӯзгор бошад, аз ман хост, ки дар чунин озмуни калон ширкат варзам. Аввалин ҳиссиёти ман чунин буд: “Ин ҳама ғайриимкон аст!”.
Омӯзгор ҳолати маро дида, роҳҳои водор намудани маро меҷӯст. Ӯ пайваста як ҷумларо такрор мекард: “Мо танҳо барои дилхушӣ иштирок мекунем!” Ҳамин тавр ман кӯҳи калонеро, ки дар рӯҳияи ман ҷо шуда буд, нобуд сохтам. Бо вуҷуди он ки сатҳи забони чинии ман он қадар баланд набуд ва ягон ҷиҳати мусбати хешро намоиш дода наметавонистам, иштирок дар озмун бароям таҷриба ва дастовардҳои зиёдеро ҳадя намуд. Таҳти роҳбарии омӯзгор ман нисбат ба худ эътимоди комил пайдо намудам.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки омӯзгор Чен Чао маро барои иштирок дар озмуни “Пули забони чинӣ” роҳбарӣ менамояд, аммо ин дафъа мисли гузашта набуд, чунки талаботи омӯзгор нисбати ман бениҳоят зиёд ва қатъӣ буд. Ҳамин тавр, дар рафти омодагӣ ӯ ҳар рӯз аз ман пурсон мешуд: “Ту ягон савол дорӣ? Ягон ҷои нофаҳмо нест? Омодагиат чӣ гуна аст?” Агар ман саволе медоштам, омӯзгор фавран онро бароям шарҳ медод. Ба хотири он ки ман тавонам дар муқобили нафарони зиёд фикру андешаҳои хешро озод баён намоям, омӯзгор доимо пеш аз дарс ҳамаи донишҷӯёнро гирди ҳам ҷамъ оварда, хоҳиш менамуд, ки маърӯзаи маро гӯш намоянд ва худи ӯ дар ин миён барои ислоҳи хатоҳоям маро пас аз дарс водор менамуд, ки калимаҳои хато талаффуз намудаамро 10 ва ҳатто 20 маротиба такрор намоям. Оид ба бахши намоиши ҳунару истеъдод бо омӯзгор муддати тӯлонӣ фикр намудем. Танҳо ду моҳ мешавад, ки ман ситранавозиро омӯхта истодааму омӯхтани хаттотӣ бо қалами пӯлодиро бошад, нав шурӯъ намудаам. Дар охир ман ба қароре омадам, ки ғазал қироат менамоям. Омӯзгор бароям шеъри “Мутолиаи Чин”-ро интихоб намуд. Онро хондам, бениҳоят писандам омад. Махсусан чор мисраи охир, ки гӯиё ҳарфҳои қалби ман бошанд. Омӯзгор босаброна маро роҳбарӣ намуда, ҳар хатоамро ислоҳ мекард, ҳаракатҳои дастӣ ва ифшои ҳиссиётро ҳангоми шеърхонӣ бароям меомӯхт.
Роҳбарӣ ва ҳамроҳӣ аз ҷониби омӯзгор ба ман эътимод мебахшид ва кумак намуд, ки аз ҷои афтодаам ҷасурона ба қуллаҳои баланд бархезам. Маро водор намуд, ки ба як шахси масъулиятшинос ва рақобатпазир табдил ёбам”.
Институти Конфутсийи назди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2021 №: 153 Мутолиа карданд: 657