Хабарҳо
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021
Ба даври 1/4 - финал кадом тимҳо роҳ ёфтанд?
Пас аз вохӯриҳои даври 1/8 - ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол тимҳои «Хатлон», КМВА, «Равшан», «Эсхата», «Хуҷанд», «Файзканд», «Истаравшан» ва «Истиқлол» ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Тибқи низомнома, зӯрозмоиҳои 1/8 - финалӣ аз як бозӣ иборат буда, бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: «Регар – ТадАЗ» – «Хатлон» – 3:6, КМВА – «Панҷшер» – 5:1, «Ҳулбук» – «Равшан» – 1:3, «Эсхата» – «Саройкамар» – 3:0, «Хуҷанд» – «Пахтакор» – 6:0, «Моҳир» – «Файзканд» – 0:1, «Кӯктош» – «Истаравшан» – 0:1 ва «Истиқлол» – «Душанбе» – 2:1.
Ҳамин тавр, дар даври 1/4 - финал «Истиқлол» бо «Файзканд», «Истаравшан» бо «Эсхата», «Хуҷанд» бо «Хатлон» ва КМВА бо «Равшан» нерусанҷӣ мекунанд.
СУПЕРҶОМИ ФРАНСИЯ
"Лилл" боз "ПСЖ" - ро бе ҷоиза гузошт
Тими «Лилл» дар бозӣ барои Суперҷоми Франсия (варзишгоҳи «Блюмфилд», Тел-Авив, Исроил) дастаи «ПСЖ» - ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, соҳиби Суперҷом гардид.
Тӯби ғалабаоварро Шека (дақ.45) ба самар расонд.
Ин маротибаи дуюм аст, ки «Лилл» тими «ПСЖ» - ро аз ҷоиза маҳрум мекунад. Қаблан, онҳо дар Чемпионати Франсия бо тафовути як хол аз «ПСЖ» пеш гузашта, чемпион шуда буданд.
ТОКИО – 2020
Чин дар мақоми аввал
То анҷоми Бозиҳои олимпии Токио – 2020 панҷ рӯзи дигар боқӣ мондааст. Варзишгарони мунтахаби Чин бо гирифтани 62 нишон (29 тилло, 17 нуқра, 16 биринҷӣ) аз рӯи шумораи медалҳо дар мақоми аввал қарор доранд.
Дар панҷгона ИМА 64 (22-25-17), Ҷопон 33 (17-6-10), Австралия 33 (14-4-15), Россия 50 (12-21-17) ҷойгиранд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1007