logo

иқтисод

ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ГУРӮҲИ КОРХОНАҲОИ «ҒАЮР» ДАР ТАТБИҚИ ОН САҲМИ ОЯНДАСОЗ ДОРАНД

 
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар миёни ҷомеа ҳамовозии гарм пайдо намуд ва бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ вусъати тоза касб кард. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷода гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», ки роҳбарии онро Акбар Ғуломов ба дӯш дорад, саҳми бориз мегузорад.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома директори иҷроияи гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» Юсуф Сафаров иброз дошт, ширкатҳои тобеи гурӯҳ дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ фаъолияти пурсамар дошта, давра ба давра вобастагии бозори мамлакатро аз маҳсулоти воридотии сохтмонию нассоҷӣ коҳиш медиҳанд. Дар баробари ин, гурӯҳи корхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави кор, бозомӯзии мутахассисон, ворид намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот нигарондашуда ва беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
- Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» дар самти истеҳсоли семент, варақаҳои гаҷкартон, оҳак, ранг ва дигар маҳсулоти сохтмонии ороишӣ, халтаҳои полипропиленӣ, фурӯзонакҳои диодӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 2,5 миллион тонна семент, 5 миллион дона гаҷкартон, 10 ҳазор тонна ранг, 70 миллион дона халтаи полипропиленӣ, 1,2 миллион дона фурӯзонаки диодӣ, 55 миллион дона маҳсулоти нассоҷӣ (ҷӯроб ва дастпӯшак) ва 60 ҳазор тонна оҳаки пухтаро ташкил медиҳад,- афзуд Юсуф Сафаров.
 
КОРХОНАЕ, КИ ТАЛАБОТИ  КИШВАРРО БО ФУРӮЗОНАКҲО ҚОНЕЪ МЕСОЗАД
Яке аз ширкатҳои тобеи гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея оид ба истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ мебошад, ки иқтидори моҳонаи тавлидотии он 100 ҳазор дона лампаро ташкил медиҳад ва талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ месозад.  Аз ин лиҳоз, корхона нақша дорад, ки маҳсулоташро ба Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон,Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва ғайра содирот намояд.
Фурӯзонакҳои диодӣ тибқи технологияи инноватсионии  яке аз шарикони корхонаи «Ғаюр» ширкати кореягии RF Semi истеҳсол гардида, зиёда аз сад ҳазор соат вақти самараноки корӣ доранд. Ғайр аз ин, бо истифода аз технологияи «Dimming» (баланду паст кардани рӯшноӣ) метавон  қувваи барқро то 90 дарсад сарфа намуд.
Фурӯзонакҳо дорои дараҷаи устувории IP 67 мебошанд. Рақами 6 ба пуррагӣ муҳофиз будани таҷҳизотро аз гарду чанг ифода карда, рақами 7 нишондиҳандаи устувории таҷҳизот барои кор дар об давоми то 30 дақиқа аст. Инчунин, фурӯзонакҳо ба якбора баланду пастшавии шиддати барқ устуворанд. Ин нишондиҳанда мувофиқи талаботи IEEE/ANSI C62.41.2 аз санҷиш гузаштааст. Фурӯзонакҳо  дар ҳарорати ҳавои  – 40 0С то зиёда аз +60 0С метавонанд кор кунанд.
Ғайр аз ин, лампаҳо аз тариқи таҷҳизоти ҳушманд фосилавӣ идора шуда, дар вақтҳои кам гардидани рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо шиддати қувваи барқ дар онҳо паст мегардад. Ин имкон медиҳад, ки қувваи барқ сарфа ва муҳлати истифодаи фурӯзонакҳо дароз шавад. Инчунин, кори фурӯзонакҳо бесадо буда, барои кор дар шароити борону тӯфонҳои шадид пешбинӣ шудаанд, ки барои шаҳр хеле муносиб аст. 
Бино ба гуфтаи Юсуф Сафаров, корхона истеҳсоли тасмаҳои диодӣ ва намудҳои гуногуни лампаҳоро ба роҳ мондааст, ки истифодаи онҳо қувваи барқро аз 40 то 90 дарсад сарфа мекунад. Муҳлати кафолати ин фурӯзонакҳо аз 3 то 5 сол мебошад.
 
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ  САНОАТИ САБУК
Дигар кохонаи тобеи гурӯҳ корхонаи нассоҷии «Ваҳдат Текстайл» буда, он зиёда аз 100 номгӯи ҷӯроб  ва дастпӯшакро тавлид  карда, талаботи бозори дохилиро қонеъ месозад ва, дар баробари ин, 80 дарсади маҳсулоташро ба Федератсияи Россия ва  Қазоқистон содирот мекунад. Корхона дар як сол зиёда аз 34 миллион ҷуфт ҷӯробҳои баландсифати пахтагӣ ва зиёда аз 10 миллион ҷуфт дастпӯшакҳои корӣ истеҳсол менамояд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ аз пахтаи ватанӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки 22 декабри соли гузашта корхонаи мазкур ба мукофоти баландтарини «Озмуни дарёфти ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ» ноил гардид. Бояд зикр кард, ки корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳо аввалин ширкате мебошад, ки дар Тоҷикистон  ба чунин дастовард ноил гардидааст.
 
МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА  ВА СОДИРОТИИ «ҒАЮР»
Ҳамсуҳбатамон  Юсуф Сафаров, ҳамчунон, зикр кард, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи ноҳияҳои Ёвону Бобоҷон Ғафуров ду навъ – М 400 ва М 500 бо тамғаҳои молии «Huaxin Cement», «Uqob Cement» ва «Gayur Cement» истеҳсол карда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулоти сохтмонӣ, инчунин, онро  ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мекунанд.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартон се навъ маҳсулот: шифтҳои “Армстронг”, варақаи гаҷкартони андозаи 9,5 мм, 12,5 мм, ба намӣ тобоваранда истеҳсол мекунад. Шифтҳои “Армстронг”, ки, асосан, дар биноҳои маъмурӣ ва корӣ истифода мегарданд, дар баробари бозори дохилӣ, ҳамзамон, ба Ӯзбекистону Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешаванд.
Корхонаи истеҳсоли рангҳо, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қарор дорад, 14 намуд ранги равғанӣ ва декоративӣ бо тамғаҳои «Рангҳои Ғаюр» ва «G Paint» истеҳсол мекунад ва онҳо дар бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта шудаанд. Дар назар аст, ки моҳҳои наздик содироти ин маҳсулот ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳандозӣ шавад.
Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо технологияи Ad*Star воқеъ дар шаҳри Душанбе барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаи саноат (семент ва дигар маҳсулоти хокаи сохтмонӣ), кишоварзӣ (орд, гандум ва дигар маҳсулоти ғизоӣ) ва кимиёвӣ (маҳсулоти гуногуни кимиёвӣ) халтаҳои дорои клапани автоматӣ истеҳсол менамояд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ воридоти таҷҳизоти коркарди партовҳои пластмассӣ ва истеҳсоли халтаҳо барои соҳаи саноати кӯҳкорӣ дар назар аст.
 
Шаҳбоз АБРОР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2021    №: 154    Мутолиа карданд: 2557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед