иҷтимоиёт
«ДЕЛТА». ВАКСИНА МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШГИРӢ
"ДЕЛТА" – ШТАММИ ХАТАРНОКТАРИ COVID-19
Вирусҳо мутатсия мешаванду баъзе намудҳои он метавонанд гузаранда ҳам бошанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба намудҳои мутатсия ва минтақаи пайдоиш онҳоро ба навъҳои «Алфа» (Бритониё), «Бетта» (Африқои Ҷанубӣ), «Гамма» (Бразилия) ва «Делта» (Ҳиндустон) ҷудо кардаанд. Моҳи май бо сабаби паҳншавии навъи «Делта», СҶТ онро миёни намудҳои вируси «нигаронкунанда» ҷой дод. Варианти «Делта» бори аввал моҳи октябри соли 2020 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд. Ҳоло бошад ин вирус, ба аҳолии беш аз 130 кишвар таҳдид мекунад.
ХАВФИ ДУБОРАИ СИРОЯТЁБӢ МАВҶУД АСТ
Одамони эмшуда ва табобатёфтаро эҳтимол аст хавфи гирифтор шудан ба штамми «Делта» таҳдид кунад. Ба навиштаи сомонаи иттилоотии РБК, ин огоҳиро номзади илмҳои тиб Андрей Кондрахин додааст. Вай таъкид кардааст, ки давомнокии давраи инкубатсионии штамми "Делта" нисбатан камтар мебошад. "Варианти қаблии коронавирус баъд аз ду ҳафта ба инсон зарари худро мерасонд. Нишонаҳои штамми "Делта" бошад, баъд аз як ҳафта зоҳир мегардад, бинобар ин, афзоиши босуръати беморӣ ба назар мерасад", - шарҳ додааст Кондрахин. Ҳамзамон, ӯ қайд кардааст, ки навъи нави коронавирус дар замоне пайдо шуд, ки масунияти аҳолӣ, аллакай, каму беш ташаккул ёфта буд. Хавфи сироятёбӣ ба штамми «Делта» дар нафароне, ки қаблан бо COVID-19 сироят нашудаанд ё ваксина нагирифтаанд, якчанд маротиба зиёдтар аст. Зеро вирус ба организм зудтар ворид мешаваду ҷисми онҳо барои мубориза одат накардааст. "Нафароне, ки қаблан сироят ёфтаанд ё, аллакай, ваксина гирифтаанд, дорои масуниятанд. Ин метавонад садди гирифторӣ ба штамми "Делта" гардад ва, ҳамзамон, метавонад ба масуният ғолиб омада, боиси бистарӣ шудани беморон шавад,- дар идома гуфт коршинос.
АЛОМАТҲО ФАРҚКУНАНДААНД
Штамми "Делта" метавонад бо дарди узвҳои меъда ва рӯда аз худ дарак диҳад. "Одатан мо намедонем, ки кадом штаммро дорем, зеро тадқиқот оид ба зергурӯҳҳои коронавирусро анҷом надодем. Аммо, қайд карда метавонам, ки вақтҳои охир, пас аз паҳн шудани штамми «Делта», беморони сироятёфта бештар аз дарунравӣ ва дарди шикам шикоят мекунанд. Ин аломатҳо ба нишонаҳои пештара илова шудаанд, аз ҷумла сулфа, беҳолӣ, миалгия (дарди мушакҳо)", - иброз намудааст пулмонолог Алексей Никишенков ба Агентии иттилоотии ТАСС.
Пайдо шудани "ковиди меъда" дар беморони гирифтори штамми «Делта»-ро иммунолог Владимир Болибок низ тасдиқ кард. "Штамми «Делта»-ро, метавон ҳамчун "синдроми меъда" ё "ковиди меъда" ном бурд. Бисёр вақт дарди шикам, қайкунӣ ва дарунравӣ ба нишонаҳои маълум илова мешаванд",- гуфт ӯ. Вирусшинос Виктор Ларичев итминон дорад, ки ҳамаи нишонаҳои қаблан дар беморони гирифтори штамми «Ухан» зоҳиршуда барои штамми "Делта" аҳамият доранд. "Аломатҳо як хел боқӣ монданд. Пеш аз ҳама ҳарорати бадан баланд мешавад", - таъкид кард ӯ.
Ҳамчунин, зикр намудан бамаврид аст, ки сироятёфтагон дарди сар ва гулуро бештар эҳсос мекунанд. Таб ва сулфа кардан низ мумкин аст. Аз ин рӯ, онҳое, ки ба штамми нави коронавирус сироят ёфтаанд, аксар вақт онро бо шамолкашии маъмулӣ рабт медиҳанд, ки иштибоҳ аст. Аз ин лиҳоз, штамми нави коронавирус хатарноктар аст. Маҷаллаи "Nature" муайян кардааст, ки аксарияти олимон штамми "Делта"-ро марговартар ва ба ваксинаҳо ва муолиҷаи муосир тобовар меҳисобанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки «Делта» пневмонияи шадидтарро нисбат ба дигар навъҳои вирус ба вуҷуд меорад. Пас, саволе ба миён меояд, ки оё ваксинаҳои мавҷудбуда бар зидди штамми нави коронавирус мубориза бурда метавонанд ва самаранокии онҳо чӣ гунаанд?
ВАКСИНА БЕҲТАРИН ПЕШГИРИСТ
-Ҳамаи олимон ва табибон ба ин назаранд, ки гирифтани ваксина то ҳол беҳтарин роҳи пешгирии сироятёбӣ ба вируси навъи "Делта" мебошад,- омадааст дар як гузориши РБК. Дар ин маврид ҳамаи ваксинаҳо, аз ҷумла «Sputnik V», «BioNTech (Pfizer)», «AstraZeneca» бар зидди "Делта" мубориза мебаранд. Таҳқиқотҳои дар Англия гузарондашуда нишон доданд, ки ду вояи ваксинаҳои «AstraZeneca» ё «Pfizer» сатҳи баланди муҳофизат аз «Делта»-ро доранд, гарчанде нисбат ба вирусҳои қаблӣ таъсиррасониашон камтар аст. Чунин маълумотро моҳи июн гурӯҳи байналмилалии вирусологҳо ба даст оварданд. Онҳо исбот карданд, ки «Pfizer-BioNTech» 88 дарсад дар муқобили «Делта» самаранок аст. «AstraZeneca» дар пешгирӣ аз сироятёбӣ ба штамми "Делта" 92 дарсади ҳолат муваффақ шудааст. То ҳол маълумоти расмӣ дар бораи самаранокии ваксинаи «Sputnik V» алайҳи штамми "Делта" вуҷуд надорад. Аммо директори Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи В.И. Гамалеи Александр Гунзбург таъкид кардааст, ки таъминоти антителае, ки ваксинаи "Sputnik V" медиҳад, барои муҳофизат аз ҳама намудҳои вирус кофӣ аст. Инчунин, маълумоти расмӣ дар бораи самаранокии ваксинаи «EpiVacCorona» мавҷуд нест. Аммо директори генералии Маркази вектории Роспотребнадзор Ринат Максютов гуфтааст, ки он бар зидди штамми «Делта» муассир аст ва аз мутатсия ба он қисмҳои вирус, ки асоси доруи пептид мебошанд, таъсир намерасонад. Ҳамин тариқ, ҳамаи ваксинаҳо барои сабук кардани беморӣ тавсия дода мешавад. Пас, гирифтани ваксина ягона роҳи пешгирии сироятёбӣ аз ҳама намудҳои коронавирус мебошад.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.08.2021 №: 154 Мутолиа карданд: 1144