иҷтимоиёт
"ТОҶИКОН". ИҚДОМИ НАҶИБЕ ДАР МАСИРИ ХУДШИНОСӢ
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ осон гардидааст, бознашр ва дастраси сокинон гардондани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” иқдоми саривақтӣ ва ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълумамон аст, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои қадимтарини сайёра ба шумор меравад, аз ин рӯ давлатдории вай низ таърихи дуру дароз ва қадима дорад. Сарфи назар аз ҳама сахтиву пастӣ ва баландиҳое, ки таърих ба сари миллати тоҷик овардааст, тоҷикон дар ҳама давру замон давлату ҳукумат доштанд. Имрӯз мо бояд ки будани гузаштагони худро донем, ба онҳо арҷ гузорем, аз қавми ориёӣ будани худ ифтихор кунем.
Доир ба таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон тадқиқоти зиёд гузаронда, асарҳо эҷод шудаанд, вале на ҳамаи онҳо инъикоскунандаи воқеии таърихи халқи тоҷик буданд. Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва он ҷовидонӣ хоҳад буд. Ин шоҳасар, воқеан ҳам, ифшогари аслу вуҷуди миллат аст. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи миллатамон ошно кардааст.
Китоби мазкур, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то Инқилоби Октябр дар бар мегирад, аввалин асари таърихиест, ки дар шинохти фарҳанг, тамаддун ва давлатдории тоҷикон миёни дигар халқҳо ва миллатҳо нақши муассир дорад. Онро Бобоҷон Ғафуров давоми беш аз 30 соли ҳаёти худ иншо карда, аввалин маротиба пайвастагии халқи тоҷикро ба қавми ориёӣ нишон дод, заминаи бузурге барои таърихшиносони оянда гузошт.
Дар замони шӯравӣ ба таълиф расондани китоби “Тоҷикон” аз тарафи муаллиф кори басо сангин буд. Бисёриҳо нашри чунин асари бузурги таърихиро, ки барҳақ шиносномаи таърихии миллати тоҷик буд, ҳаргиз намехостанд.
Дарвоқеъ, он арзиши бузурги илмӣ ва таърихӣ дошта, на танҳо таърихи халқи тоҷик ва халқҳои ҳамҷавор, ба мисли таърихи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро низ то андозае дар бар гирифтааст. Ин асар бо забонҳои ӯзбекӣ, форсӣ, англисӣ, полякӣ, японӣ ва ғайраҳо тарҷума гардида, аз ҷониби муҳаққиқон ва шарқшиносони намоёни дунё пазируфта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудаанд: “Асари “Тоҷикон”, воқеан, шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносиву ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу мадор бахшид”.
Таърихро хотираи инсоният меноманд ва омӯхтани он танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар миллату давлат зарур аст. Бобоҷон Ғафуров маҳз ба ҳамин хотир умри азизи худро ба таҳқиқи таърихи миллати хеш бахшида, осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба насли оянда сабақ меомӯзад. Номи неки ин абармард то абад дар хотири миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик зинда хоҳад монд.
Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи шоҳасари “Тоҷикон” ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардондани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифати ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди чоп ва то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар оилаи тоҷик туҳфа кардани асари мазкур иқдоми саривақтист.
Ривоҷиддин ТОҶИДДИНОВ, сокини ноҳияи Рашт, собиқадори меҳнат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.08.2021 №: 154 Мутолиа карданд: 654