Хабарҳо
ТЕННИС
Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид
Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки то 7 август идома меёбад.
Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, мусобиқа шомили тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис буда, имкон медиҳад, ки нуфузи чорабинӣ дар арсаи байналмилалӣ баланд ва шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар гардад.
Дар мусобиқа 64 варзишгар аз Англия, Қазоқистон, ИМА, Исроил, Олмон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка ширкат меварзад.
ТОКИО – 2020
Бразилия ва Испания дар финал
Тимҳои мунтахаби футболи Бразилия ва Испания дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 пас аз шикаст додани рақибонашон дар даври нимниҳоӣ ба финал баромаданд.
Дар нимфинал Бразилия тими Мексикаро дар силсилазарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Мунтахаби Испания бошад, бар мизбони мусобиқот – Ҷопон бо натиҷаи 1:0 пирӯз омад.
Вохӯрии ниҳоӣ 7 август доир мегардад. Барои медалҳои биринҷӣ 6 август Мексика бо Ҷопон зӯрозмоӣ мекунад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 828