Хабарҳо
30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. НАҚШИ ҶАВОНОН ИМРӮЗ ВА ОЯНДА
Таҳти чунин унвон ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш ва муаррифии дастовардҳои ҷавонони кумита доир гардид.
Муҳаммадсаид Файзуллозода зимни сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла чунин гуфт: “Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашни миллӣ баргузории чунин ҳамоишҳои ҳадафманд барои ҳавасмандии ҷавонон ба касбу кори худ мусоидат карда, ҷиҳати боз ҳам фаъолона ширкат намудан дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамзамон, дигар корҳои созандагиву ободкории мамлакати биҳиштосоямон роҳандозишаванда, тақвияту густариш медиҳад. Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҷамъият эътироф менамоянд. Ин аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароит барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст”.
Айни замон, 25 дарсади кормандони соҳаи бехатарии озуқавориро ҷавонони то 30 - сола ташкил намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро фаъолона гузошта истодаанд.
Ба таъкиди иштирокчиён, бо эътимод метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистон минбаъд низ саъю талош мекунанд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 896