Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон
Шурӯъ аз 1 август дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» - и гарнизони Хатлон бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон машқҳои муштараки васеи низомӣ оғоз шуд, ки то 10 август идома меёбад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод.
Дар машқҳо зиёда аз ду ҳазор хизматчии ҳарбии се давлат иштирок намуда, дар он 25 чархболи ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои бомбаандозу қиркунанда, қариб 300 техникаи зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаи автомобилӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти низомӣ истифода мешаванд.
Ифтитоҳи дастгоҳи радиолокатсионӣ – радарӣ дар шаҳри Ҳисор
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маросими ифтитоҳи дастгоҳи радиолокатсионӣ - радарии муосир бо тамғаи ДМРЛ-С-5 доплерӣ баргузор шуд.
Дастгоҳи радиолокатсионӣ дар низоми пешгӯӣ ва пешгирии омилҳои хавфноки метеорологӣ иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, ба ҳифзи киштзор, боғу ток ва дигар зироат аз бориши жола равона гардидааст.
Таҷҳизот назорати масофаи заруриро дар масоҳати 250 км таъмин ва бо реҷаи фаврӣ маълумотро қабул ва ирсол мекунад. Инчунин, ҳаҷми ҷамъшавии барф, яхпораҳо, ҳаҷм, шакл, намуди абр, пайдарпайӣ ва навъи бориш, мавҷудияти жола ва гуногунии онро муайян менамояд.
Нусхаи эътимодномаи сафири Тоҷикистон ба мақомоти Туркия супурда шуд
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашраф Гулов ба муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Седат Онал нусхаи эътимодномаи худро супурд.
Пас аз супурдани нусхаи эътимоднома мулоқоти сафир бо муовини вазири корҳои хориҷӣ баргузор гардид ва ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Даври ниҳоии Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021»
Аз 3 то 15 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскори санъати шаҳру навоҳии мамлакат баргузор мегардад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, фестивали мазкур дар ду давр - ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардида, дар даври ниҳоии он беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ манзури мухлисон ва доварон мешавад.
Ифтитоҳи посгоҳи марзӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Дар доираи ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва ИМА дар ноҳияи Шаҳритус посгоҳи марзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи посгоҳ муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷаб Саодатзода ва кордори Сафорати ИМА Ҷон Гинкел ширкат варзиданд.
Посгоҳи мазкур барои Қӯшунҳои сарҳадӣ имкони иловагӣ ҷиҳати назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар ноҳияи Шаҳритус фароҳам меорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 846