logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Бо даъвати Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-5 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин, перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд.
Сарварони давлатҳо аҳамияти имзои Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро аз 2 ноябри соли 2017 таъкид намуданд ва бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи хислати стратегиро зикр карданд.
Бо дарки баланди масъулият барои ҳифзи робитаҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, Ҷонибҳо азми худро баҳри боз ҳам идома додани густариши ҳаматарафаи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон тасдиқ намуданд.
Бо таъкиди аҳамияти муколамаи фаъоли сиёсӣ барои рушди рӯзафзуни муносибатҳои дарозмуддати ду кишвар, сарварони давлатҳо тавсеаи минбаъдаи тамосҳои боэътимод ва созанда дар сатҳҳои олӣ, воло ва дигар сатҳҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳо рафти иҷрои амалии санадҳои дуҷонибаи қаблан имзошударо муҳокима намуда, сатҳи баланди рушди муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра таъкид карданд.
Сарварони давлатҳо изҳори итминон карданд, ки хислати устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дарозмуддати мардумони ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат мекунад.
Дар робита ба масоили минтақавӣ сарварони давлатҳо ба ҳам алоқаманд будани мушкилоти амниятӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳоро зикр намуда, нисбат ба пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо, густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ ибрози назар карданд.
Дар ин замина ҷонибҳо таъкид намуданд, ки эътидоли сареи вазъи сиёсӣ ва барқароршавии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти ҳалкунанда дорад. Сарварони давлатҳо муҳим будани татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди пойдори он кишвар мусоидат хоҳад кард, зикр намуданд.
Президенти Туркманистон ба чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба кӯшишҳо дар пешбурди абзорҳои бисёрҷониба, ки ба эътидоли вазъ дар Афғонистон нигаронда шудаанд, баҳои баланд дод. Дар ин замина аҳамияти баргузории ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" 29 - 30 марти 2021 дар пойтахти Тоҷикистон таъкид шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои Туркманистонро баҳри татбиқи тарҳҳои инфрасохтории транзитию нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳо, ки ба ҷалб намудани Афғонистон ба низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, баланд арзёбӣ намуд. Дар ин робита аҳамияти равандҳои мазкур дар ростои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.
Президентҳо аҳамияти мунтазам баргузор намудани вохӯриҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки ба таҳкими дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила дар минтақа мусоидат менамоянд, таъкид намуданд.
Сарварони давлатҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти байналмилалиро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Президентҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи номгӯи онро зикр карданд.
Сарварони давлатҳо зарурати тақвияти минбаъдаи нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро ҳамчун василаи муассири ҳамкории байнидавлатӣ таъкид намуда, натиҷаҳои ҷаласаи даҳуми онро, ки 28 - 29 июли соли 2021 дар Душанбе баргузор гардид, зикр карданд.
Ҷонибҳо мавҷуд будани шароити мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзиро таъкид карданд. Дар ин робита онҳо дар мавзӯи зарурати ҳавасмандсозии минбаъдаи робитаҳо миёни соҳибкорон, шиносоии мутақобил бо маҳсулоти дар ду кишвар истеҳсолшаванда, омӯзиши имконоти содироту воридот ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар карданд.
Сарварони давлатҳо бо дарназардошти таваҷҷуҳи мутақобил ба истифодаи маҷмӯӣ ва оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, аҳамияти иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва бунёдшавандаро дар маҷрои обҳои фаромарзӣ бо дарназардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа баҳри мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ зикр намуданд.
Сарварони давлатҳо пешравиҳои бадастомада дар чаҳорчӯби Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар давраи раёсати Туркманистон ва саъю талошҳои раёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти минбаъдаи Бунёд, аз ҷумла дар мавриди такмили сохтори ташкилӣ ва пояи қарордодиву ҳуқуқии он, афзалиятнокии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва амиқсозии ҳамкории минтақавӣ зикр намуданд. Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки  Барномаи ба наздикӣ қабулшудаи ҳавзаи баҳри Арал (ПБАМ-4) ҳамчун абзори муҳими таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани вазъи идоракунии об, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа хидмат хоҳад кард.
Президентҳо тасдиқ намуданд, ки таъмиқи ҳамкориҳои зич дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия барои рушди тиҷорати байналмилалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ин робита сарварони давлатҳо аҳамияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, такмили минбаъдаи сифати хидматрасонии нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти тамоми навъи нақлиётро, ки ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва транзити борҳоро тавассути ҳудуди онҳо анҷом медиҳанд, зикр намуданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳамияти тамосҳо байни ташкилотҳои дахлдор ва ходимони фарҳангу санъат, муассисаҳои таълимӣ ва васоити ахбори оммаро таъкид карданд. Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника фаъолтар хоҳад гардид.
Сарварони давлатҳо густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарлумониро ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати такмил ва тавсеаи минбаъдаи заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъкид карданд. Дар ин робита сарварони давлатҳо аҳамияти санадҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро, ки дар рафти сафар ба имзо расида, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон саҳмгузор хоҳанд шуд, таъкид карданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳро роҷеъ ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ баён намуда, азми худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ карданд.
Президентҳо зарурати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои универсалии байналмилалию минтақавиро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон узви онҳо мебошанд, зикр карданд. Сарварони давлатҳо аҳамияти баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои онро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, таъмини рушди пойдор ва таҳкими амнияту субот дар ҷаҳон тасдиқ карданд.
Президенти Туркманистон номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 - 2029 дастгирӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Туркманистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2031 - 2032 ҷонибдорӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” истиқбол намуданд.
Президенти Туркманистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Туркманистон оид ба таҳияи Стратегияи СММ ҷиҳати татбиқи чораҳо барои рушди энергетикаи камкарбон, инчунин, таҳияи "Харитаи роҳ" таҳти сарпарастии СММ барои рушди ҳидроген ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи энергетикаро дастгирӣ намуд.
Президентҳо итминон доранд, ки музокироти баргузоршуда ва санадҳои дар рафти сафар баимзорасида ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун такони тоза бахшида, ба манфиатҳои мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон хидмат мекунанд ва ба афзоиши ҳаматарафаи некуаҳволии онҳо саҳмгузор хоҳанд буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму дӯстонаи ҳайати Тоҷикистон изҳори сипос карда, Президенти Туркманистонро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар анҷом диҳад. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
 
 
Президенти
Туркманистон
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
 
ш.Ашқобод, 4 августи соли 2021


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2021    №: 155    Мутолиа карданд: 715
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед