иҷтимоиёт
«ҶУМҲУРИЯТ» - ТАРҒИБГАРИ ИДЕОЛОГИЯИ ОЯНДАСОЗ
3 август дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо иштироки Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ доир шуд.
Дар оғоз ҳайати котибот интихоб ва рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, вобаста ба чаҳор масъалаи рӯзномаи ҷаласа табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, зикр шуд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба сифати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, бозтоби дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ, арзиши бебаҳои сулҳу ваҳдати миллиро рисолати бунёдии худ мешиносад. Аз ин рӯ, табиист, ки дар бозтоби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ низ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» амал менамояд, нақши фаъол дорад. Ҳайати эҷодии рӯзнома ин ҳақиқатро дарк менамоянд, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.
Дар ҳамин асос соли 2015 дар идораи рӯзнома ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ёфта, теъдоди зиёди кормандон бо майлу иродаи шахсӣ ба он шомил шуданд. Тавре Қурбоналӣ Раҳмонзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар як соли охир изҳор дошт, ҳоло аз шумораи умумии кормандони рӯзнома 28 нафар узви ҲХДТ буда, бо назардошти рисолати барҷаста, мазмуну моҳият ва ҳадафҳои созандаи он сафи ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоӣ сол ба сол меафзояд.
Дар ҷаласа ба ин нукта ишора рафт, ки ҳоло фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти корҳои дохилиҳизбӣ тибқи талаботи Оиннома ва низомномаҳои ҳизбӣ ба роҳ монда шуда, аъзои ҳизб барои дар амал татбиқ намудани барномаву ҳадафҳои созанда талош меварзанд. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки тарғиби барномаву ташаббусҳои созандаи ҲХДТ ҳеҷ гоҳ кормандони рӯзномаро аз иҷрои рисолати аслии худ - тарғибу ташвиқи сиёсати бунёдкорона, ҳифзи манофеи миллӣ мунҳариф намесозад. Зеро аҳдофи ҲХДТ низ шукуфоии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум буда, тарғиби он таъсири чашмрасе ба рифоҳи ҷомеа хоҳад дошт.
Дар идомаи маҷлиси ҳисоботӣ Абдураҳим Шоҳиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсии ҷаҳон ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи бунёдгузор ва Роҳбари муаззами ҲХДТ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳми назаррас дошта бошад.
- Имрӯзҳо, ки иттилоот ба як қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем, ки фазои иттилоотии ҷумҳуриро бо маълумоти дурусту саҳеҳ пурра созем. Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем. Зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд вусъат пайдо кардани корҳои созандагӣ мебошад. Боиси таҳсин аст, ки ҳоло рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ бархӯрди муносиб ва нақши хеле фаъол дошта, дар вокуниш ба матлабҳои ғаразноки доираҳои манифатдор вокуниши саривақтӣ нишон медиҳад ва ҷомеаро бо иттилои дурусту воқеӣ таъмин месозад. Ман итминон дорам, ки минбаъд низ ҳайати эҷодии рӯзнома бо истифода аз имконоти васеи худ дар ростои ҳимоят аз манофеи миллӣ ва тарғибу ташвиқи идеологияи созандаи давлату Ҳукумат ва ҲХДТ корҳои шоиста анҷом медиҳанд, - изҳор дошт Абдураҳим Шоҳиён.
Дар маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз нав интихоб гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2021 №: 155 Мутолиа карданд: 1225