Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ
Марҳилаи дуюми чемпионат кай оғоз мегардад?
Бозиҳои даври 14-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7 – 8 август доир мегарданд. Дар ин бора Лигаи футболи кишвар иттилоъ дод.
Дар ин давр, «Истаравшан» бо «Эсхата», КМВА бо «Хатлон» (7 август), «Кӯктош» бо «Хуҷанд», «Равшан» бо «Душанбе» ва «Истиқлол» бо «Файзканд» (8 август) нерусанҷӣ мекунанд.
ҶОМИ ВИЛОЯТИ СУҒД
«Гулистон» онро ба даст овард
Тими «Гулистон» дар бозии ниҳоии Ҷоми вилояти Суғд – 2021 (варзишгоҳи «Спартак», шаҳри Хуҷанд) бар дастаи «Зарафшон» бо ҳисоби 5:3 пирӯз гардида, соҳиби ҷом гашт.
Тибқи иттилои федератсияи футболи вилояти Суғд, «Гулистон» бори аввал соҳиби ҷоми вилоят гардид.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои дарёфти ҷоми вилоят аз соли 2001 инҷониб гузаронда мешавад ва аз ҳама бештар дастаи «Эсхата» нуҳ маротиба ғолиб омадааст.
ТОКИО – 2020
Эммаи австралиягӣ рекорди таърихӣ гузошт
Эмма Маккеони 27-сола (Австралия) дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар риштаи шиноварӣ миёни бонувон 7 медал (4 тилло, 3 биринҷӣ) ба даст оварда, рекорди олимпӣ гузошт.
Ӯ дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ягона варзишгарбонуе гардид, ки дар як олимпиада соҳиби 7 нишон шуд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1146