logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БАНДАРИ БАҲРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТУРКМАНБОШӢ

5 август сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон идома ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод якҷо бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Туркманбошӣ ташриф оварданд.
Зимни суҳбати самимӣ дар тайёра сарварони давлатҳо дар фазои эҳтирому эътимод масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ карданд.
Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи бинои маъмурии бандар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти бисёрсамтаи бандари баҳрии байналмилалӣ, имконоти техникӣ, ҳамкории тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ва паҳлуҳои мухталифи кори ин марказ маълумот доданд.
Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир карданд.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ, байни ду кишвар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ба имзо расиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2021    №: 156    Мутолиа карданд: 1206
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед