logo

иҷтимоиёт

ОЗОДАЗОДА. ХОТИРАҲО АЗ УСТОДИ СОҲИБМАКТАБ УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ

Соли 1989. Толори Театри давлатии академӣ - драммавии ба номи А. Лоҳутӣ. Пас аз чанде намоиши спектакли дипломии мо «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим дар таҳияи роҳбари бадеии курси мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон устод Марям Исоева оғоз мешавад. Мо - хатмкунандагони шуъбаи маҳорати актёрӣ аз сӯрохии хурдакаки пардаи саҳна бонавбат, бо як ҳаяҷону тарс, хушбахтӣ ва интизорӣ ба толор нигоҳ мекунем, чунин овозҳо садо медоданд: «Бачаҳо, ректор Меҳрубон Назаров омаданд!», «Ана, устод Низом Нурҷоновро дидам!», «Ҳабибулло Абдураззоқову Шамсӣ Қиёмов бо устод Ато Муҳаммадҷонов!», «Хушназар Майбалиев омаданд!», «Ман, устод Убайдулло Раҷабовро мебинам бо Тамара Абдушукурова!». Бале, иштироки чунин шахсиятҳои шинохтаи санъати театрӣ дар дили мо ҳаяҷону масъулиятро дар намоиши дипломӣ бештар мекард. Ин буд, ки якбора Ҷаъфар зуд ба такрор намудани матни нақши «Девона», дигарон бошанд, ба такрори диалогҳои қаҳрамононашон шурӯъ карданд.
Баъди намоиш устод Марям Исоева гуфтанд: «Спектакл дар як нафас гузашт!». «Офарин, фарзандонам, нағз, «темп» яъне, набзи намоишнома буд, бозиятон бисёр самимиву табиӣ баромадаст».
Аз се намоиши кори дипломии мо танҳо чанде аз устодону ҳунарпешагони шинохта ба паси парда омада, моро табрику таҳният мегуфтанд, ки дар миёни онҳо устоди хайрхоҳу некбин Убайдулло Раҷабов низ буданд. 
Пас аз ду ҳафтаи намоишҳои кори дипломиамон маро устод Убайдулло Раҷабов ба наздашон даъват намуданд. Ӯ дар бораи ба фаъолият оғоз намудани театр - студияи «Оина» ва оид ба идома додани фаъолияти кориву эҷодиям, ҷойи истиқомат сухан кушоданд. Даъват самимӣ ва хайрхоҳона буд… Ман гуфтам, ки фикр мекунам. Ана, зиёда аз 30 сол боз фикр мекунам, ки шояд хеле имконияти  хуберо аз даст додаам...
Миёни мардум ҳамин хел як мафҳуме, вожае ҳаст: «Озодазодагон». Он шахси зиёӣ, озодфикр, бофарҳанг, инсондӯсту хайрхоҳ, назаркардаи Худованд буданро мефаҳмонад. Устод Убайдулло Раҷабов аз ҳамин қабил шахсонанд. Дар ҳақиқат, чун ба зиндагӣ ва кору фаъолияти устоди соҳибэҳтиромамон назар менамоем, пеши назар муносибати некхоҳона, чеҳраи нуронияш меояд.  Боре устод маро барои иштирок дар барномаи консертии давлатӣ - «Рӯзи Модар», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд, даъват намуданд. Бо тавсия ва маслиҳату раҳнамоии устод ман як баромади эстрадӣ, яъне монологеро бо тақлидкориҳо тайёр намудам. Дар  чанд рӯзи тамрин устод гаштаву баргашта ҳар бор маро ба саҳна даъват мекарданду роҳнамоӣ менамуданд. Оҳиста - оҳиста ҳаяҷонам кам шуда, ба гуфтаи мардум «шерак» шудам, чунки монолог пухта шуда буд. Ман аҳамият додам, ки устод Убайдулло Раҷабов нисбат ба  ҳар як ҳунарманд чунин муносибат мекарданд, яъне мо хайрхоҳиву истеъдоди ғайриодӣ дар муомила нисбат ба ҳунармандонро медидем. Аз 24 қисмати консертӣ, устод бо ҳар як ҳунарманд дар алоҳидагӣ тамрин мегузаронданд, аз  саҳна баромадан, то сару либос пӯшидан, тарзи иҷроишу пешниҳоди суруд ва ё рақсҳо.  Ин ҳамаро медидему аз ӯ меомӯхтем. Дарк ва фаҳмиши хуби мусиқӣ, ҳофиза ва табъи нозуки модарзодиву серталабиву меҳнатдӯстиро дар корашон дида, эҳтиром ва эътиқодамон нисбаташ афзуд.
Боре дар идораи дубляжи ТВ «Сафина», ман ба дубляжи филми «Муҳаббати ҳамкорон» (“Служебный роман”) - и Элдар Рязанов дар коргардонии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастура Ортиқзода даъват шуда будам. Дар рафти кор, нақши ман, ки «Самохвалов» буд, режиссёри дубляж Мастура ба ман эрод гирифта, 2-3 маротиба хоҳиши «боз ҳам бурротар  таллафузи матнрову ба назар гирифтани таҳтулматни ҷумла»-ро аз ман талаб намуданд. Ман каме асабонӣ шуда, баҳона пеш оварда гуфтам, ки «тезтар сабт кунед, ки ман бениҳоят кори зарур дорам». Режиссёри дубляжи филм Мастура каме хомӯш истода гуфтанд: «Сабру тоқат, таҳаммул ва муносибати ҷиддӣ ба касбу корамонро аз устод Убайдулло Раҷабов бояд омӯзем. Ман то 7-8 маротиба ҳар сухан, ҳар як ҷумларо бо устод тамрин ва сабт карда мегирам, дар охир устоди меҳнатдӯсти мо ба хастагиашон нигоҳ накарда чунин мегӯянд: «Мастура, як бори дигар сабт мекунем!». 
Бале, на танҳо ман, бисёре аз ҳунармандон аз устоди хайрхоҳу тарбиятгарамон дӯст доштани саҳнаи театру садоқат ба касбро меомӯзанд.  
Намоишномаҳо ва саҳнаҳои бо коргардонӣ ва ҳунарнамоии устод Убайдулло Раҷабовро дида, оид ба маҳорат ва истеъдоди баландашон мехоҳам чанд ҳарфе бигӯям. Ӯ чун ҳунарпеша дар баробари офаридану иҷроиши ин ё он нақшашон санъати  таҷассумкорӣ, санъати иртибот бо тамошобин, санъати зебои «импровизатсия», яъне бадоҳатан эҷод ва иҷро намудани саҳна, ба бозӣ даровардани ҳар як ҷузъу ашёи саҳна, маҳорати бузурги  хандондани тамошобинонро доранд. Ҳамаи мо аз устод Убайдулло Раҷабов нозукӣ, равшанӣ ва бадеиятро дар пешниҳод ва иҷрои ҳар як нақш омӯхтаем. Чӣ сире ниҳон аст дар маҳорату истеъдоди ӯ?  Ман фикр мекунам, бурди ӯ, пеш аз ҳама, дар серталабиву меҳнатдӯстӣ ва сабру тоқаташ аст. Устод Алишер Навоӣ мефармояд: «Онеро, ки сабру тоқат аст, аз барги сабз абрешим ва аз гул ангубин месозад». Мо медонем, ки устод бе тамошобин, бе кору фаъолияти эҷодӣ зистан наметавонад. Бале, рисолати устод Убайдулло Раҷабов ҳамин аст, ба санъату фарҳанг хизмат кардан, шод гардондани мо, ба ҳар як хонадони тоҷик ҳадя намудани рӯҳи  болидаву  табъи хуш. Чун ба ҳаёту фаъолияти устоди соҳибэҳтирому соҳибному соҳибҳунарамон назар мекунем ва мебинем, ки дар давоми зиндагиашон устод Убайдулло Раҷабов бо чӣ қадар хандаҳову гиряҳо, афтиданҳову хестанҳо, баландиҳову пастиҳо, муҳаббату хиёнатҳо, мардиву номардиҳо рӯ ба рӯ шудаанду обутоб ёфтаанд. 
Рӯҳи бузург, дили соф, муҳаббати самимӣ, дидадароӣ, садоқату вафодории устод Убайдулло Раҷабов барои мо - шогирдону пайравонаш мактаб аст. 
 
Аловуддин АБДУЛЛОЗОДА, 
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2021    №: 156    Мутолиа карданд: 1060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед