logo

иҷтимоиёт

ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА: «ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ ТАВСЕА МЕЁБАД»

- Бо мақсади такмили низоми таъминоти нафақа, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ” таҳия шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Охири моҳи июни соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат онҳоро  қобили қабул дониста, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол намуданд,- гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Дилмурод Давлатзода, директори агентӣ.

 
Тавре мавсуф афзуд, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2020) ироа гаштанд ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли равон “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад”, аз ҷониби агентӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Фармони мазкур тахминан 100 ҳазор шаҳрванди маъюбро фаро мегирад ва   барои пардохти нафақа дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 15,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.  
Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода дар шашмоҳаи аввал ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки манбаи ягонаи даромад мебошад, 1 миллиарду 669,3 миллион сомонӣ ворид гардид. Аз маблағҳои воридгардида 1 миллиарду 531,2 миллион сомонии он барои пардохти нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ интиқол шуд. 
Пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои мусоидаткунандаи коррупсия яке аз ҳадафҳои асосӣ ва муҳими низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҳисоб меравад. Агентӣ вазифадор шудааст, ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо диққати махсус дода, барои тоза кардани ҳайати кадрӣ аз кормандони тасодуфӣ ва пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешад. Дар робита ба ин, аз соли 2019 то моҳи майи соли ҷорӣ 40 нафар аз мансаби роҳбарикунанда озод шуда, ба кор бештар занону ҷавонони лаёқатманд ҷалб гаштанд. 
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки яке аз масъалаи дигари ҳалталаби соҳа, пешниҳод нагардидани ҳисобот аз ҷониби соҳибкорон аст. Имрӯзҳо агар низоми ҷалби соҳибкорон ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва дар ин замина, таъйину пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуда бошад ҳам, масъалаи пешниҳоди ҳисоботи онҳо душвориҳо оварда истодааст. Моро зарур аст, ки дар ҳамдастӣ ба масъалаи фаҳмондадиҳии соҳибкорон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро дар мавриди таъйини нафақа, маълумотҳое ба инобат гирифта мешаванд, ки аз ҷониби худи онҳо дар муддати фаъолият пешниҳод шудаанд. Дар мавриди набудани ҳисобот ё пардохт нагардидани андозҳои иҷтимоӣ ба онҳо нафақа таъйин намешавад. Душвории дигари соҳа, бастани шартнома бо корхонаву муассисаҳое мебошад, ки шароити махсус ва ё махсусан вазнини корӣ доранд. Нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар чунин шароитҳои корӣ фаъолият мекунанд, бояд мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ҳамчун имтиёз аз панҷ то даҳ сол қабл аз расидан ба синни нафақа, вобаста ба сатҳи вазнинии фаъолият нафақаи касбӣ муқаррар мегардад. Нафақаи касбӣ танҳо дар мавриди бастани шартномаи дуҷониба байни корфармо ва муассисаи суғурта таъйин мешавад. 
- Корхонаву муассисаҳое, ки шароити кории ба саломатии инсон зараровар доранд, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии кормандони худ, бо муассисаи суғуртаи иҷтимоӣ бояд шартнома банданд. Ин низом ҳатмӣ буда, аз як тараф агар фардо ба кормандони худи корхона барои барқарор кардани зиёни ба саломатии онҳо расондашуда манфиатовар бошад, аз ҷониби дигар, набастани шартнома риоя накардани талаботи қонунгузорӣ буда, ба муҷозоти маъмурӣ оварда мерасонад, - илова кард Дилмурод Давлатзода.  
  
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2021    №: 156    Мутолиа карданд: 2066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед