иҷтимоиёт
ЛАХШ. ИСТИҚЛОЛ ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар кишвар корҳои ободонӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба ин муносибат дар ноҳияи зебоманзари Лахш низ бунёду навсозӣ ва таъмири иншооти гуногун, парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бомаром идома доранд, - иброз дошт Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш.
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, арзишҳои неки миллӣ, бунёд намудани 221 иншооти гуногуни таъйиноти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободкории роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ба анҷом расондани корҳои дигари созандагӣ ба нақша гирифта шудаанд. То имрӯз 156 банди нақша ба иҷро расида, дар 40 иншоот сохтмон идома дорад.
Дар шаш моҳи соли 2021 ба маблағи 4 миллиону 492,9 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1 миллиону 883,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадаф ва самтҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 5 марти соли 2021 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021 - 2025 қабул гардид. Иҷрои 103 лоиҳа ба маблағи 227 миллиону 479 ҳазор сомонӣ ба нақша ворид гашт, ки аз ин ба соҳаи кишоварзӣ 18 лоиҳа ба маблағи 72 миллиону 156 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи саноат 10 лоиҳа ба маблағи 3 миллиону 380 ҳазор сомонӣ, соҳибкории хурду миёна 4 лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 850 ҳазор сомонӣ, меъморӣ ва сохтмон 6 лоиҳа 42 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, маориф 8 лоиҳа 14 миллиону 350 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа 18 миллиону 470 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 7 лоиҳа 12 миллиону 205 ҳазор сомонӣ, сайёҳӣ 7 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ, варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон 4 лоиҳа 7 миллиону 80 ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 6 лоиҳа 13 миллиону 285 ҳазор сомонӣ, таъмини оби нӯшокӣ 4 лоиҳа 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, барқтаъминкунӣ 6 лоиҳа 15 миллиону 170 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ 4 лоиҳа 4 миллиону 567 ҳазор сомонӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода 5 лоиҳа ба маблағи 2 миллиону 816 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Сарчашмаҳои маблағгузории Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 72 миллиону 675 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 10 миллиону 289 ҳазор сомонӣ, бахши хусусӣ 51 миллиону 520 ҳазор сомонӣ ва сармояи хориҷӣ ба маблағи 94 миллиону 180 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, сокинон бо истифода аз иқлим ва ҳавои мусоид ҳамасола баҳри бунёд ва барқарорсозии боғҳои мевадиҳанда, зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобида баҳри истеҳсоли ҳарчи бештари картошка заҳмат мекашанд. Айни замон дар ноҳия 1716 хоҷагии деҳқонӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.
Тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар майдони 3150 гектар кишти картошка, 966 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва дар 125 гектар кишти сабзавот пешбинӣ гардидааст. Кишоварзон дар мавсими имсола дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот дар 1505,9 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, дар 5368 гектар картошка ва дар 202,6 гектар сабзавот кишт карданд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 27 миллиону 547,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 502,1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 101,9 фоизро ташкил менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва мардуми ноҳия минбаъд низ баҳри татбиқу иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин замина истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои меҳнатӣ ва рӯҳияи баланду садоқатмандӣ ба Ватан таъмин менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2021 №: 156 Мутолиа карданд: 639