туризм
НОРАК. БА ШАҲРИ САЙЁҲОН БИЁЕД!
Шаҳри Норак имрӯзҳо дар авҷи пешравиҳо буда, табиати нотакрор ва манзараҳои дилфиребаш диққати меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Норак ба яке аз шаҳрҳои сайёҳию истироҳатӣ табдил ёфтааст. Соли 2016 Президенти кишвар дар соҳили дарёи Вахш дар ҳудуди ин шаҳри энергетикӣ истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» - ро ифтитоҳ намуданд. Истироҳатгоҳ дар майдони 4 гектар бунёд ёфта, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ин мавзеъро соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидов бунёд кардааст. Дар вақти сохтмони маҷмааи истироҳатию фароғатии «Пули Сангин» соҳибкор бо назардошти тамоми хусусиятҳои хоси мавзеъ, оби софу равон, боду ҳавои мусоид ва имконоти дигари мутобиқ ба соҳаи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб кардааст.
Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошанд. Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, дарахтони гуногуни нодир ва гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки писанди ҳар як нафар мешаванд.
Инчунин, бо мақсади истироҳат ва сайёҳат меҳмонхонаи «Сайёра» мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таъмир ва навсозӣ шудааст. Дар соҳили дарёи Вахш ва обанбор бошад 100 мавзеи истироҳатии таъйиноташон оммавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки, аллакай, шумораи зиёди меҳмонон барои сайёҳату истироҳат ташриф меоранд.
Алӣ МИРАЛИЗОДА,
мутахассиси соҳаи сайёҳии шаҳри Норак
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2021 №: 156 Мутолиа карданд: 7239