Хабарҳо
ВАРЗОБ. БЕШ АЗ 200 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Имрӯзҳо дар сартосари кишвар ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Дар қатори дигар минтақаҳо, дар ноҳияи Варзоб низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту идораҳо ва шахсони саховатпеша бунёди наздик ба 280 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доданд, то имрӯз беш аз 200 иншоот ба истифода дода шудааст. Инҳо 12 иншооти соҳаи маориф, 28 тандурустӣ, 12 варзиш, 15 фарҳанг, 49 маркази хизматрасонӣ, 21 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 19 роҳу пул ва 42 иншооти гуногунсамт мебошанд. Иншооти мазкур дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохта шуда, дар онҳо беш аз 250 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ гардид.
Ҳамчунин, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ айни ҳол сохтмони мағозаи тиҷоратӣ бо сехи дӯзандагӣ, бинои нуқтаи таъмири мошин бо сехи дӯзандагӣ, майдончаҳо ва толори варзиш, инчунин, мағозаи тиҷоратӣ, боғчаи хусусии кӯдакона барои 120 нафар, сехи дӯзандагӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 иборат аз 7 синфхона барои 330 хонанда дар ду баст дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 913