Хабарҳо
Чин лампае сохт, ки коронавирусро 99,99 дарсад нест мекунад
Мир 24. Олимони чинӣ лампаи ултрабунафш сохтанд, ки қодир аст коронавирусро нобуд созад. Он барои дезинфексияи муассири ашё муфид аст, - гузориш медиҳад Science and Technology Daily.
Таҷриба нишон дод, ки лампа дар давоми даҳ дақиқа то 99,99 дарсади вирусҳои ҳама гуна ашёро нест мекунад. Он дар маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар музофоти Ҳубей бомуваффақият озмоиш карда шуд. Дастгоҳ нисбат ба лампаҳои маъмулии симоб натиҷаи баланд нишон дод.
Чароғ метавонад аз 10 то 50 ҳазор соат бо истифодаи нисбатан ками барқ кор кунад. Радиатсия дар диапазони аз 260 то 280 нанометр қарор дорад.
Изҳороти Блинкен дар бораи талошҳои ИМА барои ҳалли низоъ дар Афғонистон
RT. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар бораи талошҳои ИМА барои ҳалли низоъ дар Афғонистон иттилоъ дод.
"Ман ҳамлаҳои идомадори “Толибон” ва марги афғонҳои бегуноҳро маҳкум кардам" - гуфтааст ӯ дар Твиттераш.
Вай, ҳамчунин, илова кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико уҳдадор аст, ҳалли одилона ва шаффофи банизомдарории сиёсиро, ки ҷанги Афғонистонро хотима медиҳад, пайдо кунад.
Қаблан Блинкен ва Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳамлаҳои ҳаракати радикалии “Толибон” - ро маҳкум карда буданд.
Чин ба ҷаҳон 2 миллиард вояи ваксина ваъда медиҳад
BFM. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар паёме ба форум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ваксина гуфт, ки Чин давоми соли равон саъй хоҳад кард, ки ба ҷаҳон 2 миллиард вояи ваксина дастрас намояд. Дар ин бора агентии “Belga” хабар медиҳад.
Пекин, инчунин, уҳдадор шудааст, ки ба системаи COVAX 100 миллион доллар хайр кунад, - илова намуд ӯ. Рӯзи 16 июл, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ҳангоми мулоқоти видеоии сарварони кишварҳои Форуми ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором ваъда дод, ки барои дастгирии кишварҳои камбизоат дар муқобили хуруҷи коронавирус 3 миллиард доллар кумак мерасонад.
Ёрии молиявӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои бартараф сохтани таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемия пешбинӣ шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1125