Хабарҳо
Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Эрон
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.
Тавре маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози суҳбат салому эҳтиром ва таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид Иброҳим Раисӣ расонд.
Зикр шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳар ду давлат дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ ҷонибҳоро водор месозад, ки ба ҳамкории судманд ҳарчи бештар таҳким бахшанд.
Беш аз 1 миллион нафар ба ваксиназанӣ фаро гирифта шуд
То 4 августи соли равон дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 13 ҳазору 808 нафар ба ваксиназанӣ зидди бемории COVID - 19 фаро гирифта шуд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи мазкур 80 ҳазору 250 нафар гирифт. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони синни аз 18 - сола боло ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксина нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронда мешавад.
Бунёди боз 14 хона барои офатзадагони ноҳияи Вахш
Дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои сокинони аз офати табиии рӯзҳои 11-12 май зарардида боз 14 манзили навбунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд. Раиси вилоят дар вазъи тантанавӣ калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурда, барояшон хушбахтиву саломатии бардавом таманно намуд.
Шумораи хонаҳои бунёдшуда дар ин мавзеъ ба 28 адад расид.
КОРОНАВИРУС. 76 ҳолати нави сироят
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 76 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 81 кас аз ин беморӣ табобат ёфт. Чунин хабар дод маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 5 август дар кишвар 15440 нафар гирифтори COVID-19 сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 14948 нафар (96,8%) шифо ёфт. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 122 нафар фавтид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват менамояд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1081