сиёсат
ТАМОШОИ БАҲРИ ХАЗАР
Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва баҳри Хазар сайругашт карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбаладии Президенти Туркманистон аз имкониятҳои сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Туркманбошӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Хазар боздид ба амал оварданд.
Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон, вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҳошияи вохӯрӣ баргузор гардидани Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё Марказӣ барои рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2021 №: 157 Мутолиа карданд: 934