иҷтимоиёт
КРУХ БАРОИ МУОЛИҶА НИЗ ИСТИФОДА МЕШАВАД
Ҷавоб ба мақолаи Раҳмони Гулзор, «Бадахшон.
Заминҳоро валдерғон зер мекунад. Чӣ бояд кард?», «Ҷумҳурият», 12 июли соли 2021, № 138 (24 245)
Крух (боршевик – русӣ, Heracleum – лотинӣ) ҷинси рустаниҳои оилаи чатрдорон буда, зиёда аз 140 намуд дорад ва дар мавзеъҳои иқлимаш муътадили нимкураи Шарқи паҳн шудааст. Намудҳои гуногуни крух ҳамчун рустании ороишӣ, қисми дигараш ҳамчун зироати хӯроки чорво барои силос, як қисмаш ҳамчун маводи ғизоӣ аз тарафи инсон истифода бурда мешавад. Ҳангоми сабз буданаш, як қисми ин рустаниро, асосан крухи сибириро барои тайёр намудани хӯришҳои гуногун истифода мебаранд.
Баландии пояи намудҳои гуногуни крух аз 20 – 50 см то 300 см ва зиёда аз он мерасад. Гулҳояш хурду рангашон сафед, қисми камашон сабзи зардтоб буда, шакли чатрро дорад. Гулкунии рустанӣ моҳи июн оғоз мешавад. Намудҳои гуногуни он моҳҳои июл август гул мекунад.
Дар Россия ва собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ 40 намуди ин растанӣ мерӯяд. Дар таркиби барг ва тухми он равғанҳои эфирӣ ва пайвастагиҳои кумарин мавҷуд мебошад. Дар ҳолати ба бадани инсон расидани баъзе аз намудҳои ин рустанӣ, сӯзиши пӯст эҳтимол дорад. Лекин ин ҳолат пас аз якчанд рӯз мегузарад.
Аксарияти намудҳои ин рустанӣ дар хоҷагии халқ ҳамчун хӯроки чорво барои силос истифода мешаванд. Инчунин, бояд гуфт, ки баъзе аз намудҳои он ороишӣ мебошанд.
Дар ҷумҳурии мо, одатан, намуди лемани крух дар Помиру Олой ва ғарби Тиён-Шон дар баландиҳои 1700 – 1800м аз сатҳи баҳр мерӯяд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ин растанӣ дар Бадахшон аксаран дар мавзеъҳои Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, Бижундараи минтақаи Дарморахти ноҳияи Шуғнон, гирду атрофи шаҳри Хоруғ, водии Бартанг, деҳаҳои Падруд, Разудн ва мавзеи Шарофдараи ноҳияи Раштқалъа вомехӯрад.
Қобили зикр аст, ки ин рустанӣ дер боз барои муолиҷаи бемориҳои асаб, гурда, ҷигар, пӯст ва меъдаю рӯда истифода бурда мешавад.
Маълумотҳо доир ба давраҳои нашъунамо, паҳншавӣ ва инкишофи он дар ҷумҳурӣ хеле кам мебошанд. Қатъи назар аз ин, омӯзиши инкишоф ва паҳншавии крух мо аз тарафи олимон идома дорад. Танҳо ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки то ҳол ягон ҳолати заҳролудшавии одамон ва фавти чорво аз таъсири ин рустанӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Н. А. РАҶАБОВ, муовини директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ,
Т. О. ИРГАШЕВ, мудири шуъбаи беҳдошти чарогоҳи Институти чорводорӣ
ва чарогоҳи АИКТ,
С. ЮСУПОВ, А. ХАНҶАРОВ,
ходимони илмии шуъбаи беҳдошти чарогоҳи Институти чорводорӣ
ва чарогоҳи АИКТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2021 №: 157 Мутолиа карданд: 812