Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Ширкати фарматсевтии Чин Sinopharm рӯзи душанбе аввалин интиқоли ваксинаи истеҳсоли худро ба Покистон тавассути барномаи байналмилалии COVAX анҷом дод. Дар ин бора рӯзномаи чинии Global Times хабар дод.
CentralAsia (CA). Сафорати ИМА дар Кобул аз ҳамватанон даъват кард, ки фавран Афғонистонро тарк кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии сафорати ИМА дар Афғонистон хабар додааст.
Мир24. Дастаи миллии олимпии ватерполои Юнон як қисми маблағи ҷоизаи худро барои ҳамватанони худ, ки бар асари сӯхторҳои ҷангал зарар диданд, хайр хоҳанд кард. Дар ин бора дар сомонаи Кумитаи миллии олимпии Юнон гуфта шудааст.
ТАСС. Пулиси Ҳонконг дар яке аз анборҳои шаҳр як бастаи бузурги маводи синтетикиро бо вазни 106 кг, ки тавассути баҳр аз Покистон оварда шудааст, мусодира кардааст. Дар робита ба ин, ду нафар боздошт шуд, - хабар медиҳад рӯзномаи South China Morning Post.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 829