Хабарҳо
СММ аз афзоиши офатҳои экологӣ ҳушдор дод
Лента. ру. СММ аз афзоиши офатҳои экологӣ дар даҳсолаи оянда бинобар 1,5 дараҷа гарм шудани Замин ҳушдор додааст, - менависад Daily Mail.
Мувофиқи маълумоти Шӯрои байниҳукуматии гурӯҳи коршиносони СММ оид ба тағйирёбии иқлим (тақрибан 200 олим аз 60 кишвар), сатҳи Замин назар ба оне, ки интизор мерафт, тезтар гарм мешавад. Тибқи пешгӯиҳои муҳаққиқон, ҳарорат дар давраи аз соли 2030 то 2052 бояд 1-1,5 дараҷа баланд мешуд. Ҳоло бовар доранд, ки ҳарорати баландтарини миёна даҳ сол пеш, то соли 2040 нишон дода мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, дар ин росто инсоният бояд ба гармои рекордӣ, сӯхторҳои ҷангал ва обхезӣ омода бошад. Тағйирёбии ҳарорат метавонад ба бадшавии вазъи ҳаво, болоравии сатҳи баҳр, расидани зиён ба саломатии одамон, афзоиши фавт, талафоти ҳайвонот ва зироатҳои кишоварзӣ оварад.
Иттиҳоди Аврупо ба бозгашти сайёҳони рус умедвор аст
Известия. Тақрибан 74 дарсади сафарҳои шаҳрвандони Россия ба Аврупо рост меояд. Аз ин рӯ, онҳо дар бозори туризм нақши бениҳоят муҳим доранд. Дар ин бора ба «Известия» аз Комиссияи сайёҳии Аврупо хабар доданд.
"Мо умедворем, ки то охири соли ҷорӣ дар ин самт тағйироти мусбат ба амал меоянд: ё Россия ба рӯйхати" кишварҳои бехатар "-и ИА дохил мегардад, ё ваксинаи «Спутник V» барои эмгузаронӣ аз ҷониби СҶТ маъқул дониста мешавад",- қайд карданд дар Комиссияи сайёҳии Аврупо.
Дар ҳамин ҳол, туроператорҳои рус, аллакай, бо шарикони худ дар саросари ҷаҳон баррасии таҳияи тартиби ягонаи қоидаҳои вуруди сайёҳонро шурӯъ карданд.
Aссотсиатсияи туроператорҳо ба Соз-мони ҷаҳонии сайёҳии СММ ва дигар намояндагони ин соҳа дар Аврупо ва Осиё бо пешниҳодҳо оид ба барқарорсозии туризми байналмилалӣ дар шароити кунунӣ муроҷиат кард.
СММ: «Афғонистонро фалокате таҳдид мекунад, ки назирашро ҷаҳон надидааст»
CentralAsia (CA). Намояндаи махсуси СММ ва роҳбари Миссияи кумаки СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс ба Шӯрои амният ҳушдор дод, ки агар чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, мамлакат ба фалокате дучор хоҳад шуд, ки оқибатҳои он берун аз ин кишвар низ эҳсос карда мешаванд.
Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, раҳбари намояндагӣ мутмаин аст, ки дар ин ҷода бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, тавсеаи ваколатҳои дафтари СММ дар Афғонистон муҳим мебошад.
"Имрӯз мо имконият дорем нишон диҳем, ки Шӯрои амният ва ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирии фалокат дар Афғонистон омодаанд. Ман итминони комил дорам, ки Шӯрои амният ва ҷомеаи байналмилалӣ қодиранд сенарияҳои бадтаринро пешгирӣ кунанд",- гуфт Лайонс ба аъзои шӯро, ки дирӯз барои як ҷаласаи вижа оид ба вазъияти Афғонистон ҷамъ омада буданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 774