Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ
Натиҷаи зӯрозмоиҳои даври 14-ум
Бозиҳои даври 14-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар рақобати марказии давр «Истаравшан» бар «Эсхата» бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашт, - хабар доданд аз ЛФТ.
Зӯрозмоии дигар миёни тимҳои «Истиқлол» ва «Файзканд» бо натиҷаи 4:0 ба суди бозигарони шаҳри Душанбе хотима ёфт.
Натиҷаи вохӯриҳои дигар: КМВА – «Хатлон» – 2:1, «Равшан» – «Душанбе» – 1:1, «Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:3.
ҶОМИ АВРУПО
Мақоми дуюми паҳлавони тоҷик
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), гӯштигири тоҷик, дар Ҷоми Аврупо миёни калонсолон (Orenburg Senior European Cup 2021) медали нуқра ба даст овард.
Ҷаҳонгир то вохӯрии финалӣ бар Ёқубҷон Назиров, Эмил Курбанов ва Адам Утсиев (ҳама аз Россия) ғалаба кард. Мутаассифона, дар нерусанҷӣ барои нишони тилло аз Мирзо Шукориев (Россия) мағлуб шуд.
ТОКИО – 2020
ИМА аз ҳама зиёд медал гирифт
8 август пас аз 16 рӯзи сабқатҳои ҷолибу хотирмон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио ба анҷом расид. Дар Олимпиада 205 давлат ширкат намуда, ба варзишгарони 93 кишвар муяссар шуд, ки медали Бозиҳои олимпиро ба хазинаи дастовардҳояшон ворид кунанд.
Аз рӯи шумораи медалҳо мақоми аввалро ИМА бо гирифтани 133 нишон (39 тилло, 41 нуқра, 33 биринҷӣ) касб кард. Дар панҷгона Чин - 88 (38-32-18), Ҷопон - 58 (27-14-17), Британияи Кабир - 65 (22-21-22) ва Россия - 71 (20-28-23) қарор гирифтанд.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи беҳтаринро Ӯзбекистон нишон дод. Варзишгарони ӯзбек бо 5 медал (3 тилло, 2 биринҷӣ) мақоми 32-юмро касб карданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпии соли 2024 дар шаҳри Париж (Франсия) баргузор мегардад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 816