Хабарҳо
ВАҲДАТ. БУНЁДИ 610 ИНШООТИ ҶАШНӢ
Сокинони шаҳри Ваҳдат барои ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватани хеш бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободонии шаҳр дастҷамъона талош доранд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, шаҳраку деҳоти он рӯз ба рӯз зебо гашта, бунёди иншооти муҳими таъйиноташон гуногун, инчунин, таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳо ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Ба ин муносибат дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 610 иншоот дар назар аст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, то имрӯз наздики 480 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 4600 нафар ба ҷои кори доимию мавсимӣ таъмин гашт. Иншооти мазкур ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, саноат ва хизматрасонӣ марбутанд.
Дар шаҳр бунёди 34 корхона дар назар буда, то ин замон 24 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи гидрометаллургӣ, фабрикаи ғанигардонии маъдан (заводи тилло), 17 сехи хишти пухта, 5 корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Корхонаҳои мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфтаанд. Ҳамчунин, бахшида ба ин ҷашни муборак, барои ҷалби бештари сайёҳон дар минтақаи сайёҳии дараи Ромит меҳмонхона, истироҳатгоҳҳои оммавӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Бахусус, дар мавзеи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ширкатҳои сайёҳии “Карон - тур” ва “Канаск - тур” таъсис ёфтанд.
Феълан, дар шаҳр бо ташаббусу дастгирии мақомот, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар 134 иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, дар назар аст, ки баъди ба истифода додани онҳо боз беш аз 250 нафар соҳиби ҷойи кор шавад.
З. РАҶАБ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 882