Хабарҳо
БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ ҲИСОР
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, якчанд иншооти навро, ки ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфтанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Нахуст, Сарвазири мамлакат дар деҳоти Сомон бинои шуъбаи назорати метеорологии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро пас аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуд. Ҳамзамон, дастгоҳи радиолокатсионӣ-радарии муосири тамғаи ДМРЛ-С-5 ба истифода дода шуд. Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сарпараст ва шарикони лоиҳа изҳори сипос намуд.
Зикр гашт, ки шуъба аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо дастгирии Бонки осиёии рушд ба маблағи 1,5 миллион доллари ИМА таъмиру таҷдид гардид.
Доваршоҳ Азизӣ, сардори Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, иброз дошт, ки дар шуъба пас аз навсозӣ ва насби дастгоҳи радиолокатсионӣ имкон фароҳам омад, ки 135 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав аз хатари бориши жола ҳифз гарданд. Таҷҳизоти мазкур дорои имконияти васеъ буда, радиуси умумии фарогирии локаторҳои он то 250 километрро ташкил медиҳад ва бо реҷаи фаврӣ маълумотро қабул ва ирсол мекунад. Ҳамзамон, он метавонад дар баландии то 12 километр абрҳои жолаоварро пароканда намояд. Дастгоҳу таҷҳизоти нав тавассути компютер идора шуда, хатарро ба таври автоматикӣ муайян ва пешгирӣ мекунад. Системаи нав дар 48 давлати ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо таҷриба шуда, беҳтарин воситаи муҳофизат эътироф шудааст.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳраки Ҳисор маркази муоинаи техникии нақлиёти автомобилӣ ва шуъбаи бақайдгирию имтиҳонии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор дода, ифтитоҳи онро дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманд маънидод кард.
Дар марказ барои муоинаи техникии нақлиёт тамоми шароитҳо муҳайё буда, ронандагон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав метавонанд ҳуҷҷатгузории хариду фурӯши нақлиёт, амалиёти пардохти маблағи суғурта ва дигар хизматрасониҳои нақлиётиро анҷом диҳанд.
Баъдан, Сарвазири мамлакат ба деҳаи Ҷавонони деҳоти Дурбат омада, дар боғи интенсивии «Ситабр Агро» ва хоҷагии деҳқонии «Иқбол-С» бо фаъолияти боғдорон ва кишоварзон шинос гардид. Боғи ҶДММ «Ситабр Агро» дар майдони 18,98 гектар бунёд ёфта, 18 нафар бо кори доимӣ ҷалб шудаст. Дар назди боғ корхонаи коркарди ҷуворимаккаи қандак фаъолият дорад. Соли гузашта корхона ба маблағи 482,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Замини хоҷагии деҳқонии «Иқбол-С» 10 гектарро ташкил дода, ба он деҳқони асилу кордон Саъдулло Қамбаров роҳбарӣ мекунад. Имсол дар хоҷагӣ дар 5 гектар пахта, 1,5 гектар ҷуворимакка, 2 гектар хӯроки чорво ва сабзавот кишта, дар майдони 1,5 гектар майдони боғи мева бунёд гашт.
Инчунин, дар ҳамин деҳа Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба фаъолияти корхонаи коркарди орд оғози расмӣ бахшид. Ба Сарвазир иттилоъ доданд, ки дастгоҳҳои корхона наву замонавӣ буда, аз Ҷумҳурии Корея ворид ва насб шудаанд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 4000 тонна орд мебошад.
Қоҳир Расулзода зимни сафар, инчунин, бо рафти сохтмони варзишгоҳ ва ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ҳисор шинос шуда, ба соҳибкорон барои ба як гӯшаи зебои истироҳатию фароғатӣ табдил додани ин мавзеъ тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 929