Хабарҳо
АГЕНТӢ. АВЛАВИЯТ БА ҚИШРИ ОСЕБПАЗИР
Бо мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор раёсату шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми соли ҷорӣ 228 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд, ки бештари шахсони ба кор таъминшуда аз ҳисоби маъюбон, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодгашта мебошанд.
Дар баргузор намудани чунин ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод аз аввали соли равон 1917 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок намуда, барои бекорон ҷойҳои кори доимӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд. Тавассути ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 2994 нафар ба кор роҳхат гирифт, ки аз онҳо 2657 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164 нафар зиёд мебошад.
Баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар ҳафт моҳи соли 2021 ба мақомоти агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1349 муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуд, ки аз онҳо 79 нафар зан мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 470 нафар ба шуғл ҷалб гардида, 188 нафар ба ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардидаву 220 нафар ба касбомӯзӣ, 47 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 15 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд. 879 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуд, - иброз намуд Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон.
Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ», «Кулолӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ» баргузор гардид. Мақсад аз ташкили чунин ярмаркаҳову озмунҳо ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ободониву рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дур сохтан аз хурофотпарастиву ифротгароӣ мебошад.
Самти сиёсати иҷтимоии давлат дар маркази диққати раёсати агентӣ дар вилоят, раёсату шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо буда, кафолатҳои иҷтимоӣ, ки мутобиқ ба муқаррароти конститутсионӣ барои амалӣ гардондани сиёсати иҷтимоии давлат пешбинӣ гардидааст, ҳамасола иҷрои масъулияту уҳдадориҳои хизматиро дар мақомотҳои шуғли аҳолӣ тақозо мекунад.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 821