иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
9 майи соли 2021 дар сини 57 - солагӣ дили шахси бомаърифату инсондӯст Шамсулло Файзулло аз тапидан боз монд. Ин хабар дили дӯстону шогирдон ва пайвандонро сахт андуҳгин сохт. Бале, марг дӯсту ҳамкори моро низ дарёфт, гарчанде бо тамоми ҳастиаш зиндагиро дӯст медошт ва дар сурудҳояш онро тавсиф мекард. Чеҳраи кушод, табассуми ширин ва хушгӯиҳояшро ҳамеша ба ёд меоварем.
Шамсулло Файзулло 1 декабри соли 1963 дар деҳаи Намозгаҳи Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон дар оилаи коргари одӣ ба дунё омадааст. Соли 2008 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро бо ихтисоси иқтисодчӣ - менеҷер хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун - муовини директори мактаб, мудири шуъбаҳои фарҳанг, шуъбаи туризми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, директори хонаи маданияти ноҳия фаъолият кардааст. Дар давраи фаъолияти кориаш бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Аз 9 марти соли 2016 то рӯзи маргаш муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба хоҷагӣ ва маъмурӣ буд. Дар давраи фаъолияти кориаш нисбат ба ӯ шогирдон, омӯзгорон ва кормандони соҳаи хоҷагидорӣ чун инсони мушфиқу ғамхор ва раҳнамову дилсӯз эҳтироми хосса доштанд. Дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои мушкил маслиҳатҳои муфид медод. Дар баробари ин, шахси росткору ростқавл буда, ӯ аз пешрафту ободии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамеша хушҳол буд ва аз он шукргузорӣ мекард, ки мо давлати мустақилу соҳибистиқлол дорем. Ҳамзамон, ҷиҳати тарғибу ташвиқи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташаббускор буд. Саёҳати донишҷӯёну омӯзгоронро ба мавзеъҳои гуногуну зебои табиати шаҳру вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳуриамон роҳандозӣ менамуданд. Дар баробари ин, Шамсулло Файзулло ҳамчун овозхон сурудҳоро дар васфи модар, Ватан, баҳор бисёр дилчаспу ширин ва форам иҷро менамуд ва дили ҳар шунавандаро ба ваҷд меовард. Мавсуф, ки дар давраи ҷавониаш падару модарашро аз даст додааст, шояд аз ҳамин сабаб барояш калимаи “модар” басо таъсирбахш буд.
Баъди як рӯзи вафоташ, пагоҳии 11 майи соли ҷорӣ дар донишгоҳ ба хотири пос доштани ёди Шамсулло Файзулло якчанд сурудҳои ӯ тавассути радиои донишгоҳӣ садо доданд. Номи неку хотираи дурахшонаш аз хотири ҳамкорону дӯстон ва шогирдонаш ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
А. АЗИЗУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2021 №: 158 Мутолиа карданд: 650