иқтисод
ХАТЛОН. ҚАРЗДОРӢ АЗ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ МЕАФЗОЯД
Ташкилоту идораҳои буҷетии сездаҳ шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳолати 1 апрели соли равон аз истифодаи неруи барқ 19,8 миллион сомонӣ қарздор шудаанд.
Сабаби сол ба сол афзоиш ёфтани қарз дар чист? Барои пайдо намудани посух ба ин суол, ба мутасаддиёни ниҳодҳои гуногуни шаҳру ноҳияи вилоят муроҷиат кардем. Давлатшо Розиқов, директори тиҷоратии шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар, яке аз омилҳои афзоиши қарзро дар нодуруст банақшагирии сметаи хароҷоти ташкилоту идораҳо медонад.
- Ҳангоми банақшагирии смета хароҷоти аслии истифодаи неруи барқ ба назар гирифта намешавад. Масалан, агар як беморхона дар як сол тақрибан ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ барқ истифода барад, дар сметаи хароҷотияш бо ин мақсад ҳамагӣ 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мегардад. Аз ин рӯ, муассиса 30 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад ва 20 ҳазор сомонӣ қарз мемонад, - мегӯяд Давлатшо Розиқов.
Мувофиқи маълумоти шабакаҳои тақсимоти барқ, миёни ташкилоту идораҳои буҷетӣ қарзи аз ҳама калон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ мансуб аст. Беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва шабакаҳои кумаки аввалия (марказҳои саломатӣ) қарзҳои ҳангуфт доранд.
Дар шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфтанд, ки қарзи ташкилоту идораҳои буҷетии ноҳия 1 миллиону 96 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Беморхонаи марказии ноҳия 167 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Дар ноҳияи Ҷайҳун низ қарзи калон ба беморхонаи марказии ноҳия рост меояд.
Дар ноҳияи Қубодиён аҳолӣ дар ҳаҷми 4,3 миллион сомонӣ қувваи барқи фоиданок қабул намуда, 4,5 миллион сомонӣ маблағ пардохтааст, ки ин 104,3 дарсадро ташкил медиҳад. Вале бақияпулиҳои истифодабарии неруи барқи фоиданок бо назардошти солҳои пешин 23,2 миллион сомонӣ асосан аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ (14,8 миллион сомонӣ) ва идораи беҳдошти замин ва обёрӣ (4 миллион сомонӣ) афзудааст. Бақияпулии нимсолаи аввали соли ҷорӣ 705,7 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Толиб Раҳимов, сармуҳосиби шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ, ҷамъи қарзи ташкилоту идораҳои ноҳияро 1 миллиону 191 сомонӣ гуфт. Аз ин беморхонаи марказии ноҳия 345 ҳазор сомонӣ, шабакаҳои кумаки аввалия 108 ҳазор сомонӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ 112 ҳазор сомонӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 41 ҳазор сомонӣ қарздоранд.
Аммо Абдулло Сафарзода, сардори раёсати молияи ноҳияи Панҷ, рақамҳои овардаи шабакаҳои барқро воқеӣ намедонад ва мегӯяд:
-Мо қарзҳоро аз рӯйи ҳисоботи корхонаҳо ё тавозун ба ҳисоб мегирем. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мо, қарз аз ҳаққи истифодаи барқ 372 ҳазору 297 сомониро ташкил медиҳад. Шабакаҳои барқ бошанд, даъво доранд, ки беморхонаи марказии ноҳия 345 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Аммо ин қарзро беморхонаи марказӣ қабул надорад. Онҳо ҳоло атрофи ҳамин қарзҳо баҳс доранд. Чунин мушкилии печидаро беморхонаи сили ноҳия низ дорад.
Ӯ тазаккур дод, ки сабаби асосии афзудани қарзҳои коммуналӣ сари вақт иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳия аст.
- Соли 2020 нақшаи қисми даромади ноҳия иҷро нашуд. Аз ин ҳисоб 3,9 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагашт. Маҷбур шудем, ки барои музди меҳнатро пӯшондан аз Вазорати молия 34 миллиону 11 ҳазор сомонӣ ба муҳлати ду сол қарз бигирем. Аз ин ҷост, ки қарзи истифодаи барқи ташкилоту идораҳои буҷетӣ сол аз сол меафзояд, - мегӯяд Абдулло Сафарзода.
Гуфтаҳои Абдулло Сафарзодаро роҳбарони раёсатҳои молияи навоҳии Ҷайҳун, Қубодиён, шаҳри Левакант тасдиқ карданд.
Бобоназар Давлатов, муовини сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон, иброз дошт, ки дар сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ норасоии маблағ вуҷуд дорад.
-Дар ҳақиқат қисми даромади буҷети баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба кундӣ иҷро мешавад ва, аз ин хотир, раёсатҳои молия аввал музди меҳнатро пардохт мекунанд ва баъдан ҳаққи хизмаратсониҳои коммуналиро анҷом медиҳанд.
Ин ҷо масъалаи дигар ҳам ҳаст. Роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳо набояд ба умеди маблағҳои буҷетӣ бошанд. Ҳамаи муассисаҳои тиббӣ хизматрасониҳои пулакӣ доранд. Метавонанд, ки аз ин ҳисоб ҳаққи истифодаи барқро пардозанд. Дар баробари ин, барои таъмири бино ё хариди таҳҷизот 50 – 100 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунанд. Онҳо имкон доранд, ки аз пули таъмир кам карда, қарзҳояшонро диҳанд. Мутаассифона, ин корро намекунанд”, - мушкилро шарҳ дод Бобоназар Давлатов.
Аз суҳбате, ки мо бо масъулони раёсатҳои молия, шабакаҳои барқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо доштем, онҳо ба умеди Вазорати молияи кишваранд, ки қарзҳояшонро ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ бо ШСХК “Барқи тоҷик” ҳал хоҳанд кард.
Аммо чаро то ин замон аудитҳои раёсатҳои молия, сарраёсати молияи вилоят ва Вазорати молия, ки ҳар ду сол харҷи дурусти маблағҳои буҷетиро дар ташкилоту идораҳо месанҷанд, ба зиёд шудани ҳаҷми қарзҳои ташкилоту муассисаҳо аҳамияти ҷиддӣ надоданд? Ин суолест, ки аз Вазорати молия ва сохторҳои он дар вилояти Хатлон посух мехоҳад.
Зокир ҲАСАН,
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2021 №: 158 Мутолиа карданд: 2371