logo

иқтисод

КОНИБОДОМ. 92 ДАРСАДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ буда, симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботар мегардад. 

Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ» дар шаҳр бунёду навсозии беш аз 500 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. То ин дам нақшаи пешбинишуда 92 дарсад иҷро гардид. 
Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш дар деҳаи Шӯробқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳр майдончаи варзиш барои футболи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти ҷашнӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Искандаров бунёд шуда, барои корҳои сохтмонӣ 300 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. 
Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи иншоот гуфт, ки баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толорҳо ва майдончаҳои варзиш мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Иттиллоъ доданд, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2673 иншооти варзиш, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзиш, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд. 
Инчунин, раиси вилоят ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи В. В. Куйбишеви маркази шаҳр оғоз бахшида, барои бо сифати баланд ба итмом расондани корҳо ба масъулон супориш дод.
- Масофаи роҳи мумфаршаванда 800 метрро ташкил дода, паҳноии роҳ 6 метр мебошад. Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони кӯча мумфарш мегардад. Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом» ба анҷом расонда мешавад, - гуфт М. Юнусов.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр чораҳои заруриро амалӣ намуда, кӯшишу ғайрати худро баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад кард. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2021    №: 158    Мутолиа карданд: 2631
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед