Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Лента. ру. Президенти Россия Владимир Путин оид ба мавқеи кишвараш дар бораи ҳуқуқҳои байналмилалӣ изҳор дошт, ки Москва ҳамеша ҷонибдори риоя намудани ин меъёрҳо мебошад. Суханони ӯ дар доираи конфронси Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи «Тақвияти амнияти баҳрӣ: зарурати ҳамкории байналмилалӣ» садо доданд.
Лента. ру. Би-би-си бо истинод ба СММ иттилоъ медиҳад, ки дар се рӯзи охир зимни муноқишаҳо дар Афғонистон 27 ноболиғ ба ҳалокат расидааст.
ТАСС. Бар асари боронҳои шадид, ки ҳафтаи гузашта дар иёлати Уттар - Прадеши шимоли Ҳиндустон ба амал омад, 357 деҳа зери об монд. Шабакаи телевизионии NDTV хабар дод, ки аз ҳама бештар ноҳияҳои Ҳамирпур ва Ҷалаун осеб дидаанд.
Мир 24. Амният ва низои Қарабоғ мавзӯъҳои сафари Дабири кулли СААД Станислав Зас ба Арманистон аст. Дар Ереван ӯро иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии ин кишвар Армен Григорян пазироӣ кард.
ТАСС. Парвозҳо аз Россия ба Хургада ва Шарм-аш-Шайх тақрибан пас аз шаш соли таваққуф оғоз ёфтанд. Мисриён меҳмонони русро бо гулҳо, мусиқӣ ва туҳфаҳо пешвоз гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 860