Хабарҳо
ТЕННИС
Ҷоми Президентро варзишгарони Россия соҳиб шуданд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) бо пирӯзии варзишгарони Россия хотима ёфт.
Тибқи иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) ғолиб омад. Ӯ дар финал Стефэн Сач (Британияи Кабир) - ро шикаст дод. Байни духтарон бошад, пирӯзӣ насиби Виктория Милованова (Россия) гардид. Мақоми дуюмро Валерия Ивановская (Россия) гирифт.
Дар сабқатҳои ҷуфтӣ байни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) зинаи аввалро ба даст оварданд. Миёни духтарон теннисбозони ӯзбекистонӣ Муниса Ашурбекова ва Мафтунабону Қаҳрамонова ғолиб омаданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ХI мусобиқаи байналмилалии оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 варзишгар аз Англия, Қазоқистон, ИМА, Исроил, Олмон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка ширкат доштанд.
Рекорди мутлақи Светлана Ромашина
Светлана Ромашина дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар намуди шиноварии синхронӣ сазовори ду медали тилло гардид ва миёни варзишгарони Россия аз рӯи шумораи зиёди нишонҳои тилло рекорди мутлақ гузошт. Ӯ 7 бор қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, 21 маротиба чемпиони ҷаҳон ва 13 карат чемпиони Аврупо мебошад.
Светлана баъди бозгашт аз Бозиҳои олимпӣ ба мухлисон чунин муроҷиат кард: «Ташаккур, барои дастгириатон. Ҳамаи ин ғалабаҳо барои шумо ва ҳалқи азизи рус аст. Ҳамагӣ як моҳ пеш дар мулоқот бо Президенти Россия Владимир Путин зикр карда будам, ки Бозиҳои олимпии Токио – 2020 осон нахоҳанд буд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ба қавле мо аз миёни обу оташ гузаштем. Мушкилӣ ҳам дар давраи омодагӣ ва ҳам дар худи Бозиҳои олимпӣ вуҷуд дошт, аммо ҳамааш пушти сар шуд. Мо дастаи ягона ва мағлубнашавандаем, то вақте, ки президентамон Владимир Владимирович роҳбари мост. Президенти мо варзишро бениҳоят дӯст медорад ва дастгирӣ мекунад. Ташаккури зиёд ба ӯ».
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 767