logo

Хабарҳо

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ВАЗИРОНИ АДЛИЯ ГУСТАРИШИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРИҲОРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Дар доираи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай 6 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Машварати ҳаштуми вазирони адлияи кишварҳои узви созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. 
Дар машаварат, ки таҳти раисии Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат гирифт, вазирон ва роҳбарони мақомоти адлияи давлатҳои узв, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва котиботи СҲШ иштирок доштанд. 
Роҳбарони мақомоти адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷараёни нишасти онлайнӣ ба вусъат бахшидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони соҳа, табодули таҷриба миёни вазоратҳои адлия вобаста ба масъалаҳое, ки манфиатҳои мутақобилан судмандро ба танзим медароранд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин, расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон, нақши вазоратҳои адлия дар мубориза бо коррупсия ва истифодаи таҷрибаи ҳамдигарӣ дар ин самт, танзими қонунии мубориза ва пешгирии коронавирус дар давраи пандемия, муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии Машварати ҳаштуми вазирони адлияи кишварҳои аъзои СҲШ буд. 
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштироки фаъол, гуфтугӯ ва таклифҳои судманди роҳбарони мақомоти адлияи кишварҳои аъзои СҲШ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқ ва адлия истиқбол намуда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар доираи созмон сатҳу сифати нав касб хоҳанд кард.
Иштирокчиёни машварат ҳангоми суханрониҳои худ, ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими фаъолият ва баланд бардоштани эътибори СҲШ, раёсати муваффақона ва ба роҳ мондани чорабиниҳои судманд баҳои баланд доданд. Зимнан, изҳори умед карда шуд, ки Ҷашни 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, бо кушоиши саҳифаҳои нав дар таърихи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ таҷлил хоҳад шуд.
Дар охири нишаст оид ба натиҷаҳои Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштарак қабул гардид.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 983
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед